https://sputnik.tj/20230925/uzrkhohi-rais-parlumoni-kanada-nozi-1059575375.html
Узрхоҳии раиси парлумони Канада барои кафкӯбӣ ба хотири як нозӣ
Узрхоҳии раиси парлумони Канада барои кафкӯбӣ ба хотири як нозӣ
Sputnik Тоҷикистон
Кафкӯбӣ ба хотири собиқ ҷангҷӯи нерӯҳои нозӣ дар парлумони Канада дар доираи сафари президенти Украина ба ин кишвар сурат гирифта, баҳсбарангез шуд
2023-09-25T13:58+0500
2023-09-25T13:58+0500
2023-09-25T13:58+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
канада
парлумон
узрхоҳӣ
фашист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059575194_0:38:3072:1765_1920x0_80_0_0_d27c224f4b9102b8b37cf843ebc0e11b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Парлумони Канада барои даъвати як нозии собиқ ва кафкӯбиҳо ба хотири ӯ бахшиш пурсид. Раиси порлумони Канада, Энтони Рота эътироф кард, ки маҳз ӯ собиқадори дивизияи СС "Галитсия"-ро даъват кард ва дар баробари дигар вакилон ба хотири ӯ кафкӯбӣ кард. Собиқ ҷангии "Галитсия", Ярослав Хунка, дар ҳошияи сафари президенти Украина, Владимир Зеленский ба Канада, ба парлумони ин кишвар ҳамчун мубориз алайҳи Русия даъват шуда, ҳозирин ба хотири ӯ ба по истода, кафкӯбӣ намуданд. Роҳбари парлумон низ, ки баробари дигарон кафкӯбӣ намуд, баъдан худро сафед карда гуфт, ки ҳеҷ кас аз ваҳшигариҳои ин нерӯҳои мусаллаҳ ва ширкати шахсии Ярослав Хунка хабар надорад. "Баъдтар ман маълумоти иловагӣ гирифтам, ки маро аз қарори худ пушаймон карданд",- гуфт Рота дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Маврид ба зикр аст, ки трибунали Нюрнберг ҷангиёни дивизияи "Галитсия"-ро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният гунаҳкор дониста шуданд.Собиқ аскари дивизияи СС "Галитсия" Ярослав Хункаи 98-сола пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба Канада муҳоҷират кард ва зоҳиран дар он ҷо шӯҳрат пайдо кардааст.
https://sputnik.tj/20230921/zelenskiy-ijozat-kongresi-ima-sukhanroni-1059522895.html
канада
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059575194_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_0705e024ef908cefb1efee9f53b08f61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
узр, бахшиш, канада, украина, узр, президент, баҳсбарангез
узр, бахшиш, канада, украина, узр, президент, баҳсбарангез
Узрхоҳии раиси парлумони Канада барои кафкӯбӣ ба хотири як нозӣ
Кафкӯбӣ ба хотири собиқ ҷангҷӯи нерӯҳои нозӣ дар парлумони Канада дар доираи сафари президенти Украина ба ин кишвар сурат гирифта, баҳсбарангез шуд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Парлумони Канада барои даъвати як нозии собиқ ва кафкӯбиҳо ба хотири ӯ бахшиш пурсид.
Раиси порлумони Канада, Энтони Рота эътироф кард, ки маҳз ӯ собиқадори дивизияи СС "Галитсия"-ро даъват кард ва дар баробари дигар вакилон ба хотири ӯ кафкӯбӣ кард.
Собиқ ҷангии "Галитсия", Ярослав Хунка, дар ҳошияи сафари президенти Украина, Владимир Зеленский ба Канада, ба парлумони ин кишвар ҳамчун мубориз алайҳи Русия даъват шуда, ҳозирин ба хотири ӯ ба по истода, кафкӯбӣ намуданд.
Роҳбари парлумон низ, ки баробари дигарон кафкӯбӣ намуд, баъдан худро сафед карда гуфт, ки ҳеҷ кас аз ваҳшигариҳои ин нерӯҳои мусаллаҳ ва ширкати шахсии Ярослав Хунка хабар надорад.
"Баъдтар ман маълумоти иловагӣ гирифтам, ки маро аз қарори худ пушаймон карданд",- гуфт Рота дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Маврид ба зикр аст, ки трибунали Нюрнберг ҷангиёни дивизияи "Галитсия"-ро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният гунаҳкор дониста шуданд.
Собиқ аскари дивизияи СС "Галитсия" Ярослав Хункаи 98-сола пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба Канада муҳоҷират кард ва зоҳиран дар он ҷо шӯҳрат пайдо кардааст.