Cомон барои тило ва Беҳрӯз барои нишони биринҷии Бозиҳои Осиё зӯрозмоӣ мекунад

© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Дар таърихи ҷудои Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков нахустин паҳлавон мебошад, ки дар ин ришта ба даври ниҳоии Бозиҳои Осиё роҳ ёфту барои тило зӯр меозмояд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ба финали 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу баромад.
Маҳмадбеков дар ин даври ниҳоӣ барои нишони тило бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ сабқат мекунад, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Паҳлавони тоҷик дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғизистонӣ дар даври нимниҳоӣ бар ҷудокори қазоқ, Абулайхан Жубаназар дастболо шуд.
Сабқати Маҳмадбеков бо паҳлавони кореягӣ баъди зуҳри 25 сентябр дар назар мебошад.
Ҳамчунин ҷудокори дигари тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило барои нишони биринҷӣ бо паҳлавони чинӣ зӯр меозмояд.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2023
Шикасти 2 ҷудокори тоҷик дар як қадам то медали Бозиҳои Осиё
Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт. Тоҷикистонро дар он беш аз 130 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Ин бозиҳо бояд соли 2022 баргузор мешуданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемияи коронавирус як сол ба таъхир гузошта шуданд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ахиран қарор кард, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило - 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра - 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0