https://sputnik.tj/20230925/oghozi-sol-kilometr-roh-khujand-asfaltpuush-1059574901.html
Аз оғози соли равон 40 километр роҳҳои Хуҷанд асфалтпӯш шуданд
Аз оғози соли равон 40 километр роҳҳои Хуҷанд асфалтпӯш шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд ахиран дар бораи мумфаршсозии роҳи микроноҳия хабар дода гуфт, таъмири роҳҳои кӯчаҳои дигари шаҳр низ то охири сол идома хоҳанд ёфт
2023-09-25T14:29+0500
2023-09-25T14:29+0500
2023-09-25T14:40+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
мумфаршкунии роҳ
таъмир
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059574720_0:105:1280:825_1920x0_80_0_0_1086a5ff32c8010888915f8a50059eb5.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳ дар маҳаллаи Мевағулоғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии асосии кўчаи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд расман оғоз бахшида шуд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун идома дорад.Тибқи иттилои манбаъ, роҳи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд беш аз 600 метр дарозӣ ва 10 метр паҳноӣ дорад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки сокинони маҳаллаи Мевағули шаҳр эълон кардаанд, ки ҳамагон дар канор наистода, дастҷамъона дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.Инчунин ҳукумати Суғд зикр кардааст, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва мумфаршсозии дигар кӯчаҳо то охири сол идома меёбад.
https://sputnik.tj/20230924/rais-sughd-sokhtmoni-sekh-saidmurod-davlatov-1059560921.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/19/1059574720_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_d8cd105bb22467389d0556c1d9565133.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, роҳ, мумфарш, асфалтпӯш, таъмир, суғд, тоҷикистон
хуҷанд, роҳ, мумфарш, асфалтпӯш, таъмир, суғд, тоҷикистон
Аз оғози соли равон 40 километр роҳҳои Хуҷанд асфалтпӯш шуданд
14:29 25.09.2023 (Навсозишуда: 14:40 25.09.2023) Мақомоти вилояти Суғд ахиран дар бораи мумфаршсозии роҳи микроноҳия хабар дода гуфт, таъмири роҳҳои кӯчаҳои дигари шаҳр низ то охири сол идома хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳ дар маҳаллаи Мевағулоғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии асосии кўчаи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд расман оғоз бахшида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун идома дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳи байни микроноҳияҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд беш аз 600 метр дарозӣ ва 10 метр паҳноӣ дорад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки сокинони маҳаллаи Мевағули шаҳр эълон кардаанд, ки ҳамагон дар канор наистода, дастҷамъона дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.
Инчунин ҳукумати Суғд зикр кардааст, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва мумфаршсозии дигар кӯчаҳо то охири сол идома меёбад.