Аҳмад Масъуд ва Сайёф Толибонро* ба ҷаҳлу сӯистифода аз дин муттаҳам карданд

© Sputnik Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд
Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Ба андешаи Масъуди хурдӣ ҳокимони фелии Афғонистон тавони мубоҳиса ва мунозирарор надоранд ва бо истифода аз номи зебои худ ба Ислом нанг меоранд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд Толибонро* ба ҷаҳл муттаҳам кард.
Вай гуфт, ки Толибон* аз номи худ сӯиистифода мекунанд (дар тарҷума ба “донишҷӯён”, “ҷӯяндагони дониш”), меъёрҳои исломро худсарона ба нафъи худ тафсир мекунанд ва ихтилофҳоро риёкорона ба назар намегиранд.
Дар ин бора ӯ зимни як суҳбат бо сарони муқовимат зимни нишасти маҷозӣ ба хотири солгарди шаҳодати Бурҳониддин Раббонӣ изҳор дошт.
Писари фармондеҳи афсонавӣ ба мубориза бо мақомоти кунунии Афғонистон даъват карда, қайд кард, ки онҳо аллакай тавонистаанд тамоми симои ҷозибаро аз байн баранд.
Ӯ гуфт, ки ин гуруҳ то ҳол ҳозир ба як мубоҳиса ва мунозира наҳудаанд ва аз дин чизеро огаҳ нестанд.
Эмомали Рахмон участвует в Конференции ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Раҳмон гуфт, роҳи расидан ба сулҳ дар Афғонистон чист
Дар ҳамин ҳол, Раҳбари созмони исломии "Даво"-и Афғонистон Абдул-Раб Расул Сайёф бошад гуфт, ки ҳокимони феълии Афғонистон дар бораи шариат тасаввуроте надоранд.
Сайёф инро бо чунин далел асоснок мекунад:
Толибон* таҳсили занонро маҳдуд мекунанд, дар ҳоле ки дар ислом он ҳамчун “фарз” ҳатмӣ тасниф шудааст.
Толибон таркишҳои маргталабонаро шаҳодат барои имон номида, исломро бадном мекунанд
Ба гуфтаи Сайёф, бо сабиби толибҳо дар ҳама фурудгоҳҳои ҷаҳон ҳоло мусулмононро 5 маротиба ва афғонистониҳоро 10 маротиба кофтуков мекунанд.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0