Хуҷанд соҳиби маҷмааи муосири варзишӣ мешавад

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдОғози сохтмони маҷмааи варзишии "Суғд арена" дар шаҳри Хуҷанд
Оғози сохтмони маҷмааи варзишии Суғд арена дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то ҳазор нафар варзишгар ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд сохтмони маҷмааи муосири варзишӣ таҳти унвони "Суғд Арена" оғоз шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Ба иттилои манбаъ, санги асоси маҷмааи варзишӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузошта шуд.
Таъкид шудааст, ки иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд мешавад. Арзиши сохтмони онро дафтари матбуоти ҳукумати Суғд зикр накардааст.
Манбаъ афзуд, ки ин иқдом барои татбиқи сиёсати оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа пеш гирифта шудааст.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2023
Шикасти 2 ҷудокори тоҷик дар як қадам то медали Бозиҳои Осиё
Маҷмааи нав дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд қомат хоҳад афрохт.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд илова намуд, ки баъди ба истифода додани иншооти мазкур дар он бештар аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1 ҳазор нафар варзишгар ба машқу тамрин фаро гирифта мешавад.
Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” дорои толорҳои варзишии бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст, омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин бунёди толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрок ва молҳои варзишӣ, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, толори конфронс ва дигар иншооти ёрирасон дар назар аст, афзуд дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Лентаи хабарҳо
0