"Роҳи абрешим" ин бор аз маркази Маскав мегузарад - видео

Обуна шудан
Намоишгоҳи "Роҳи абрешим" маҳсулоти мухталиф аз Осиёи Марказиро дар бар мегирад, ки тамошобинон имкони шиносоӣ ва хариди онро дар маркази Маскав доранд
Намоишгоҳи "Роҳи абрешим" бо ҳадафи таҳкими равобити фарҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна дар маркази Маскав роҳандозӣ шудааст.
Макони баргузории ин чорабинии муҳташам, маҷмааи маъруфи тиҷоратӣ дар назди майдони Сурхи Маскав - ё худ ба истилоҳ ГУМ интихоб шудааст.
Сокинону меҳмонони Маскав на танҳо имкони шиносоӣ бо фарҳанг, таърих ва тавлидоти кишварҳои Осиёи Миёнаро доранд, балки метавонанд колои писандидаашонро бихаранд.
Аз палав то тарбузу харбуза: Намоиши боигарии Тоҷикистон - акс
Ин имконият то 8 октябри соли равон фароҳам буда, ба тамошобинон лоибоси миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, зарф, ғизо, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра пешниҳод гардидааст.
Дар баробари ин боздидкунандаҳои ин чорабинӣ имкон доранд, аз оши палави Осиёи Марказӣ, нон ва санбӯсаҳо бичашанд.
Макони нисбатан пуртаваҷҷуҳ дар намоишгоҳи "Роҳи абрешим" дар маркази Маскав фаввора мебошад, ки он аз тарбузҳо пур карда шудааст.
Ҳамчунин гунбади марказии маҷмааи савдо бо матои анъанавию миллии халқҳои Осиёи Миёна, аз қабили атласу адрас оро дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0