Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

© SputnikМальчик бегает между фонтанами в Душанбе
Мальчик бегает между фонтанами в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2023
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 6 дараҷа хунук ва дар навоҳии ҷанубии Тоҷикистон то 31 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, пешгӯӣ кардааст, Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мегардад.
Потрескавшаяся земля водохранилища Сау, Испания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Мубориза барои захирахои об дар Осиёи Миёна вусъат меёбад: Роҳҳал чист?
Дар Хатлон низ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар водиҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм дар назар аст.
Шаҳри Душанберо ҳаво камабри бебориш дар пеш буда, ҳарорат шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мегардад.
Лентаи хабарҳо
0