Дар Ӯзбекистон 71 кӯдак заҳролуд шуд

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкВрач в палате
Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2023
Обуна шудан
Кӯдакон аз як дору заҳролуд шуданд ва ҳоло Вазорати тандурустӣ истифодаи ин доруро дар қаламрави Ӯзбекистон манъ намуд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ӯзбекистон 71 кӯдак бар асари истеъмоли антиструмин заҳролуд шуданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Тибқи иттилои Раёсати тандурустии Ӯзбекистон вазъи кӯдакон қаноатбахш буда, 20 нафари онҳо аллакай ба хонаҳо фиристода шудаанд.
Ҳоло Додситонии кулл дар робита ба ин ҳолат тафтишот мебарад.
Зимнан, Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон истифодаи антиструмини истеҳсоли маҳаллиро муваққатан манъ кард.
Мактубҳо ба ҳамин мазмун ба идораҳои беҳдоштии Қарақалпокистон, Тошканд ва вилоятҳо ӯи дигар ирсол карда шуд. Ҳамакнун истифодаи индору то ба даст овардани натиҷаҳои санҷишҳои лабораторӣ манъ карда шуд.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Ҳалокати чор нафар дар Шаҳритус: аз ғизо заҳролуд шуданд
Рӯзи 20 сентябр ба кӯдакон дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз норасоии йод дар бадан доруҳои йод дода шуд. Доруҳо ба ҳамаи кӯдакони аз 3 то 15 - сола тавассути Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабӣ ройгон дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, кишвардори Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев раиси Намангон ва шахсони масъулро вазифадор намуд, ки ин ҳодисаро таҳти назорати худ қарор диҳанд ва ҳаматараф омӯххта хулоса бароранд.
Лентаи хабарҳо
0