Тоҷикистон ва вилояти Калининград ҳамкориро баррасӣ карданд

© Foto / Посольство Таджикистана в РоссииТаджикистан и Калининградская область обсудили сотрудничество
Таджикистан и Калининградская область обсудили сотрудничество - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2023
Обуна шудан
Губернатори Калининград изҳори итминон кард, ки равобити тиҷоративу иқтисодӣ асоси ҳамкории байниминтақавии кишварҳо буд ва боқӣ мемонад.
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо губернатори вилояти Калининград Антон Алихонов мулоқот кард.
Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масъалаҳои зеринро баррасӣ кардан:
рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ;
ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ;
таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон;
вусъат додани ҳамкории байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Калинград.
Гуфта мешавад, губернатори вилояти Калининград изҳори итминон кардааст, ки равобити байни минтақаҳо дорои имконоти азим, бахусус дар соҳаи тиҷорат мебошад, ки имкон медиҳад лоиҳаҳо ва самтҳои нави ҳамкорӣ эҷод карда шаванд.
Дар навбати худ сафири Тоҷикистон афзуд, ки кишварҳоро риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва шарикии стратегӣ мепайвандад.
Мясная продукция на агропромышленной выставке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2023
Росселхознадзор содироти ҳасибро ба Тоҷикистон маҳдуд кард
"Мо дар соҳаҳои гуногун забонҳои муштарак дорем, агар мо имкониятҳои худро дар иқтисод, маориф ва сайёҳӣ муттаҳид кунем, мо метавонем ба натиҷаҳои бузург ноил гардем", - таъкид намуд Гулмаҳмадзода.

Сафир гуфт, ба роҳандозӣ ва инкишоф додани робитаи байни вилояти Калининград ва минтақаҳои Тоҷикистон манфиатдоранд ва пешниҳод намуд, ки , дар ин самт созишномаҳои дахлдор имзо гарданд.
Лентаи хабарҳо
0