Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Раисони Суғду Ботканд дар марз мулоқот анҷом доданд: кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд?

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдМузокирот раиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд
Музокирот раиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Раиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд нигоҳ доштани оромӣ ва субот дар минтақаҳои марзии ду кишварро муҳим донистанд
ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев дар сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир намуданд
Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар шарҳи иттилоъ гуфт, ки мулоқоти роҳбарон зуҳри имрӯз дар гузаргоҳи наздимарзии “Қайрағоҷ” и ноҳияи Лайлаки Ботканд ҳаммарз бо ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови Суғд доир гардид.
© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд
Раиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2023
Раиси вилояти Суғд ва ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд
Ба пояи иттилоъи манбаъ дар ин мулоқот ба ҳисоби Аҳмадзода ва Алимбаев ҳамзамон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳои Суғду Ботканд ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар иштирок доштанд.

“Дар мулоқот ҷонибҳо қайд намуданд, ки таъмини иҷрои қарорҳои қабулшуда ҷиҳати ҳифзи амнияти мардум ва таъмини сулҳу субот дар сарҳади давлатӣ муҳим мебошад” – иттилоъ дод, сардори Хадамоти матбуот.

Раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд дар зимни мулоқот дар бораи нигоҳ доштани оромӣ ва субот дар минтақаҳои марзии ду кишварро муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо тибқи рӯзномаи мулоқот ба ин чанд нукта роҷеъ ба масъалаҳои марз ишора кардаанд:
Сокинон ду кишвар бояд ба маълумоти ғайрирасмии носанҷида, ки метавонад иғвои гуруҳҳои манфиатхоҳ бошад, бовар накунанд.
Муҳим аст, ки шаҳрвандон минбаъд таваҷҷуҳи худро ба сомонаҳои боэътимод ва расмии идораҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоии расмии ду кишвар равона созанд.
Пеши роҳи ҳар гуна нашри матолиби норавшани марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар расонаҳо, ки боиси нофаҳмиҳои ду ҷониба мегардад, гирифта шавад
Зарур шуморида шуд, ки ҷонибҳо бандҳои пртоколи № 42-ро бояд пурра иҷро намоянд.
Онҳо ҳамчунин илова намуданд, ки дар роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои неки ҳамсоягии байни мамлакатҳоямон нақши асосиро сокинони ду ҳамсоякишвар мебозанд, ки алоқаҳои чандинасраи дустӣ, оилавӣ ва маънавӣ доранд.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Эҳзори сафири Қирғизистон ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон
Раисони Суғду Ботканд сари ҳар вақт доир ба масъалаҳои марзӣ мулоқот доир мекунанд.
Ахиран рӯзи 13 сентябри соли ҷорӣ Аҳмадзода ва Алимбаев дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” и шаҳри Исфара дар марз бо гузаргоҳи “Қизилбел” и Ботканди Қирғизистон гуфтушунид доир карда дар бораи риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва таъмини суботи марз таъкид намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0