https://sputnik.tj/20230923/bokhtar-naqz-qonun-tanzim-jarima-1059549244.html
Дар Бохтар чор нафарро барои нақзи қонуни танзим 17 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд
Дар Бохтар чор нафарро барои нақзи қонуни танзим 17 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъан барои вайрон кардани қонуни танзим панҷ сокинони Бохтар айбдор мешаванд, ки чор нафари онҳо ҷарима шуда, парвандаи як тани дигар дар баррасӣ аст
2023-09-23T11:31+0500
2023-09-23T11:31+0500
2023-09-23T11:31+0500
дар тоҷикистон
бохтар
иҷтимоъ
нақз
қонуни танзим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/80/1029628079_42:0:1135:615_1920x0_80_0_0_51b2c057ac14a78eaa00a84d62806506.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар зарфи нуҳ моҳи соли равон панҷ сокини шаҳри Бохтар барои вайрон кардани қонуни танзим аз сӯи кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муайян гардидаанд.Дар ин бора хабаргузории "Фараж" аз қавли Манучеҳр Қодиров, мудири бахши мазкур хабар дод.Ба иттилои манбаъ, чор тан аз қонуншиканҳо ба маблағи 17 600 сомонӣ ҷарима шуданд ва парвандаи нафари панҷум ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.Зикр гардид, ки ҷамъан дар ин давра дар Бохтар 938 тӯйю маъракаҳо баргузор гардид, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 618 адад камтар аст.Манбаъ афзуд, ки дар ин маъракаҳо 36 чорвои хурд забҳ шудааст ва хароҷоти умумии тӯйю маъракаҳо аз 3 млн сомонӣ бештар аст.Ёдовар мешавем, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд.Он ба коҳиши хароҷоти молӣ ва теъдоди меҳмонон дар маросиму идҳо ва ба ин васила ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар равона шудааст.
https://sputnik.tj/20230216/jarimai-rioya-nakardan-qonuni-tanzim-1054989335.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/80/1029628079_178:0:998:615_1920x0_80_0_0_50767beb55cc111d6bb32d97ea635b67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бохтар қонуни танзим нақз ҷарима
бохтар қонуни танзим нақз ҷарима
Дар Бохтар чор нафарро барои нақзи қонуни танзим 17 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд
Ҷамъан барои вайрон кардани қонуни танзим панҷ сокинони Бохтар айбдор мешаванд, ки чор нафари онҳо ҷарима шуда, парвандаи як тани дигар дар баррасӣ аст
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар зарфи нуҳ моҳи соли равон панҷ сокини шаҳри Бохтар барои вайрон кардани қонуни танзим аз сӯи кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муайян гардидаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Фараж" аз қавли Манучеҳр Қодиров, мудири бахши мазкур хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, чор тан аз қонуншиканҳо ба маблағи 17 600 сомонӣ ҷарима шуданд ва парвандаи нафари панҷум ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.
Зикр гардид, ки ҷамъан дар ин давра дар Бохтар 938 тӯйю маъракаҳо баргузор гардид, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 618 адад камтар аст.
Манбаъ афзуд, ки дар ин маъракаҳо 36 чорвои хурд забҳ шудааст ва хароҷоти умумии тӯйю маъракаҳо аз 3 млн сомонӣ бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд.
Он ба коҳиши хароҷоти молӣ ва теъдоди меҳмонон дар маросиму идҳо ва ба ин васила ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар равона шудааст.