https://sputnik.tj/20230922/sughd-spitamen-pakhtachini-1059524556.html
Аҳмадзода сафарашро дар Спитамен аз пахтачинӣ оғоз карду ба пешқадамон туҳфа дод
Аҳмадзода сафарашро дар Спитамен аз пахтачинӣ оғоз карду ба пешқадамон туҳфа дод
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд барои шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъоварии ҳосил, аз ноҳияи Спитамен дидан кард
2023-09-22T09:37+0500
2023-09-22T09:37+0500
2023-09-23T10:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пахта
ҷамъоварӣ
спитамен
ҳосил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0c/1042206651_0:50:960:590_1920x0_80_0_0_8b1f370e59514cb7e840b4edffe0be1a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Спитамен раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан ба пахтачинӣ машғул шуда, ҳамчунин бо ҷараёни ҷамъоварии "тилои сафед" дар ноҳия шинос гардид. Дар оин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, иттилоъ дода, афзуд, ки соли равон пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим доранд, ки 14,6 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд. "Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ заркорон ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, самараи меҳнати худро ба даст меоранд", - гузориш дод манбаъ. Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ғунучини пахта саҳм гузошта, бо кишоварзону чинакчиён барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта тавсияҳо дод. "Барои қадршиносии меҳнати пахтакорон мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шудааст ва ҳар ноҳияе, ки дар бистрӯзаи аввали пахтачинӣ пешсаф аст, бо мукофотпулӣ сарфароз гардонда мешавад", - ваъда дод ӯ. Ҳамчунин Аҳмадзода ба як қатор чинакчиён туҳфаҳо тақдим карда, чун корашон боиси тавсиф мебошад. Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, дар ноҳия чинакчиёне ҳастанд, ки дар як рӯз то 240 кг пахта чида, музди кориашонро барои зиндагиашон истифода мебаранд. Раиси вилояти Суғд инчунин аз пойгоҳи обкашии "Новая" боздид намуда, таъкид кардаст, ки ҳосили хуб гирифтан аз замин ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ аз меҳнату кордонии марди деҳқон ва таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ вобаста аст. Ҳукумати Суғд мегӯяд, пойгоҳи мазкур соли равон ба пуррагӣ фаъолият дошта, дорои 13 насоси обкашӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230917/mansabdor-kishovarz-maydoni-pakhta-aks-1059440908.html
спитамен
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0c/1042206651_53:0:907:640_1920x0_80_0_0_98bb81a6a896887e01994aa7713151a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, раис, пахтачинӣ, спитамен
суғд, раис, пахтачинӣ, спитамен
Аҳмадзода сафарашро дар Спитамен аз пахтачинӣ оғоз карду ба пешқадамон туҳфа дод
09:37 22.09.2023 (Навсозишуда: 10:55 23.09.2023) Раиси вилояти Суғд барои шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъоварии ҳосил, аз ноҳияи Спитамен дидан кард
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Спитамен раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан ба пахтачинӣ машғул шуда, ҳамчунин бо ҷараёни ҷамъоварии "тилои сафед" дар ноҳия шинос гардид.
Дар оин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, иттилоъ дода, афзуд, ки соли равон пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим доранд, ки 14,6 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.
"Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ заркорон ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, самараи меҳнати худро ба даст меоранд", - гузориш дод манбаъ.
Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ғунучини пахта саҳм гузошта, бо кишоварзону чинакчиён барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта тавсияҳо дод.
"Барои қадршиносии меҳнати пахтакорон мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шудааст ва ҳар ноҳияе, ки дар бистрӯзаи аввали пахтачинӣ пешсаф аст, бо мукофотпулӣ сарфароз гардонда мешавад", - ваъда дод ӯ.
Ҳамчунин Аҳмадзода ба як қатор чинакчиён туҳфаҳо тақдим карда, чун корашон боиси тавсиф мебошад.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, дар ноҳия чинакчиёне ҳастанд, ки дар як рӯз то 240 кг пахта чида, музди кориашонро барои зиндагиашон истифода мебаранд.
Раиси вилояти Суғд инчунин аз пойгоҳи обкашии "Новая" боздид намуда, таъкид кардаст, ки ҳосили хуб гирифтан аз замин ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ аз меҳнату кордонии марди деҳқон ва таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ вобаста аст.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, пойгоҳи мазкур соли равон ба пуррагӣ фаъолият дошта, дорои 13 насоси обкашӣ мебошад.