Ҳукумати Тоҷикистон кумитаи нав таъсис дод

© Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҷадид дар назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият карда, ба масоили марбути таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ машғул хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат кумитаи навро ташкил додаст.
Бо қарори ҳукумат, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил шуд. Таъкид гардидааст, ки ин ниҳод дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
"Ба зиммаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вогузор карда шудааст", - таъкид шудааст дар қарор.
Чрезвычайный и полномочный посол России в Таджикистане Семен Григорьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Маълум шуд, ки чӣ қадар донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар муҳлати ду моҳ низомнома, сохтор ва номгўи ташкилотҳои низоми Кумитаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Ташкили ниҳоди нав дар бахши таҳсилоти ибтидоӣ дар ҳолест, ки то ҳол ба масоили ин бахш Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон машғул буд.
Дар Тоҷикистон аз сифати таълим пайваста интиқод мешавад ва қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди соҳа ва баланд бурдани сифати таълим дар ҷумҳурӣ дастур дода буд.
Лентаи хабарҳо
0