Аз Байден кафолати истифода накардани силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Миёнаро хостанд

© SputnikСША ЦА
США ЦА  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон дар мулоқот бо ҳамтояш аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост, санади истифода накардани силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Миёнаро тасвиб кунад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ягона қудрати "клуби ҳастаӣ" аст, ки кафолатҳои амниятии Осиёи Марказиро бахши силоҳи ҳастаӣ тасдиқ накардааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев дар мулоқот бо ҳамтои амрикоияш, Ҷо Байден хотиррасон кард.
Тоқаев дар пайи хотиррасон намудани ин нукта аз Вашингтон даъват кард, ки онро ислоҳ кунад.
"Ин кор фароянди ниҳодинасозоии вазъияти орӣ аз силоҳи ҳастаии минтақаро ба итмом мерасонад ва марҳалаи муҳим дар талошҳои байналмилалӣ барои таҳкими паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ хоҳад буд",- гуфт Тоқаев дар мулоқот дар Ню-Йорк.
Участие во встрече глав государств Центральной Азии и Соединенных Штатов Америки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Аз масоили Афғонистон то иқтисоди "сабз": Раҳмон ба Байден мавқеи Тоҷикистонро баён кард
Маврид ба зикр аст, ки Осиёи Марказӣ ягона минтақа дар нимкураи шимолӣ аст, ки дар қаламрави он истиқрори силоҳи ҳастаӣ манъ аст. Ҳама панҷ кишвари минтақа дар ин бора дар соли 2006 созишнома имзо карданд.
Соли 2014 Русия, Чин, ИМА, Фаронса ва Британияи Кабир протоколи ин паймонро имзо карданд, ки бар асоси он онҳо ваъда доданд, ки алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз силоҳи ҳастаӣ истифода нахоҳанд кард.
Дар айни ҳол Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоӣ аз ҷумлаи камшумор кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ мебошад, ки ин санадро тасдиқ накардаст.
Лентаи хабарҳо
0