https://sputnik.tj/20230921/vaziri-khorija-smm-tajdidi-sokhtor-moliyavi-1059521346.html
Вазири хориҷа дар СММ хостори таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ шуд
Вазири хориҷа дар СММ хостори таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар бораи таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид кард
2023-09-21T19:33+0500
2023-09-21T19:33+0500
2023-09-21T19:33+0500
дар тоҷикистон
таҷдид
таҷдиди сохтор
молия
байналмилалӣ
сироҷиддин муҳриддин
вазири хориҷа
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/15/1059521180_0:65:1200:740_1920x0_80_0_0_62fbb6b6c3cd55824c0cf4384760dff9.jpg
ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд дар умури маблағгузории соҳаи рушд ширкат намуд.Вазири тоҷик зимни суханронии худ дар бораи иқдомҳои Тоҷикистон дар самти амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода, аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ-ро барои дастгирии кишварҳои узв дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувори он муҳим арзёбӣ намуд.Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба зарурати таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ ба мақсади таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид намуд.Инчунин чанде пеш вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд.Зимни суханронии худ вазири тоҷик нақши ташкилотҳои минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхайро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.Вазири корҳои хориҷӣ инчунин ба аҳаммияти муколамаи доимии СҲШ ва СММ оид ба масъалаҳои муқовимат ба хатари маводи мухаддир, ба вежа таҳдидҳои марбутаи аз қаламрави Афғонистон зуҳуркунанда таъкид кард.
https://sputnik.tj/20230921/mirziyoev-tanho-guzoshtani-afghoniston-ishtibohi-buzurg-ast-1059511833.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/15/1059521180_137:0:1180:782_1920x0_80_0_0_f44f9435523bf8b607903ff7af3c386a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, вазири хоиҷа, сироҷиддин муҳриддин, таҷдиди сохтори молявии байналмилалӣ
тоҷикистон, смм, вазири хоиҷа, сироҷиддин муҳриддин, таҷдиди сохтори молявии байналмилалӣ
Вазири хориҷа дар СММ хостори таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ шуд
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар бораи таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид кард
ДУШАНБЕ 21 сен – Sputnik. Дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд дар умури маблағгузории соҳаи рушд ширкат намуд.
Вазири тоҷик зимни суханронии худ дар бораи иқдомҳои Тоҷикистон дар самти амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода, аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ-ро барои дастгирии кишварҳои узв дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувори он муҳим арзёбӣ намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба зарурати таҷдиди сохтори молиявии байналмилалӣ ба мақсади таъмини сафарбаркунии маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои сармоягузориҳои зарурӣ таъкид намуд.
Инчунин чанде пеш вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд.
Зимни суханронии худ вазири тоҷик нақши ташкилотҳои минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхайро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.
Вазири корҳои хориҷӣ инчунин ба аҳаммияти муколамаи доимии СҲШ ва СММ оид ба масъалаҳои муқовимат ба хатари маводи мухаддир, ба вежа таҳдидҳои марбутаи аз қаламрави Афғонистон зуҳуркунанда таъкид кард.