Раҳмон ба Озарбойҷон меравад: Тафсилот

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, справа, и Президент Азербайджана Ильхам Алиев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, справа, и Президент Азербайджана Ильхам Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Обуна шудан
Сарвари ҷумҳурӣ дар нишасти Барномаи вижаи СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад расонаҳои Озарбойҷон
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Озарбойҷон боздид мекунад.
Дар ин бора расонаҳои Озарбойҷон хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки раҳбари ҷумҳурӣ бо як сафари корӣ ба ин кишвар хоҳад рафт.
Ҳамин тариқ, сарвари давлат дар нишасти Барномаи вижаи СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) ширкат хоҳад кард.
Ҳамоиши барномаи вижаи СММ моҳи ноябр дар Боку баргузор мешавад.
Ташаккур барои даъвати сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон. Ҳатман дар аввалин фурсати муносиб аз даъвати меҳрубононаи Шумо истифода хоҳам намуд.
Президент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Аз транзит то коркарди конҳои нафту газ: Раҳмон гуфт бо Алиев дар бораи чӣ суҳбат кард
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Озарбойҷон аз Тоҷикистон дар соли 2023 ду маротиба боздид кард.
Алҳом Алиев нахуст моҳи апрел бо сафари расмӣ ва пасон моҳи сентябр барои нишаст дар ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омада буд.
Ӯ зимни боздидаш аз пойтахти Тоҷикистон аз ҳамтои тоҷикаш хост, ки дар аз Боку боздид намояд.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар посух гуфтааст, ки ҳатман дар аввалин фурсати муносиб аз ин даъват истифода хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0