https://sputnik.tj/20230920/takhliya-sokini-osoishta-qarabogh-posdoroni-sulhi-rusiya-1059487738.html
Тахлияи ду ҳазор сокини осоиштаи Қарабоғ аз сӯи посдорони сулҳи Русия
Тахлияи ду ҳазор сокини осоиштаи Қарабоғ аз сӯи посдорони сулҳи Русия
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дофои Тоҷикистон мегӯяд, ки Нерӯҳои посдорони сулҳи ин кишвар зиёда аз ду хазор нафар сокинони осоиштаи Карабоғро тахлия карданд
2023-09-20T14:59+0500
2023-09-20T14:59+0500
2023-09-20T14:59+0500
русия
дар русия
арманистон
тахлия
мардум
осоишта
боку
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032993632_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_b7b3bb0080d80ed8db90d63c0145f102.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Нерӯҳои посдорони сулҳи Русия беш аз ду ҳазор нафарро аз манотиқи хатарноки Қарабоғи Кӯҳӣ тахлия карданд.Ба иттилои вазорати дифои Русия тақрибан нисфи сокинони тахлияшуда кӯдакон мебошанд."Дар маҷмуъ беш аз ду ҳазор сокини осоишта тахлия шуданд, ки аз ин шумор 1149 нафарашон кӯдакон буданд. Ҳама сокинони тахлияшуда бо ҷои зисти муваққатӣ ва хӯроки гарм таъминанд", - омадааст дар хабари вазорат.Намояндагони посдорони сулҳи Русия низ аз нисфирӯзии 19 сентябр далелҳои сершумори нақзи оташбас аз ҷониби Озарбойҷон дар тамоми хатти марз сабт карданд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 сентябр вазорати дифои Озарбойҷон аз оғози "тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ" барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хабар дод.Боку изҳор дошт, ки онҳо мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Арманистонро нобуд мекунанд ва ба аҳолии осоишта ва инфрасохтор ҳамла намекунанд.Ҷониби Арманистон дар навбати худ, таъкид карданд, ки артиши ҷумҳурӣ дар Қарабоғ ягон воҳид ё техника надорад. Сарвазир Никол Пашинян талоши ҷалби Арманистонро ба авҷгирии низомӣ ғайриқобили қабул номид ва аз нирӯҳои посдори сулҳи Русия даъват кард, ки иқдом кунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунанд.Вазорати хориҷаи Русия аз ташдиди вазъ изҳори нигаронӣ карда, ва аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба созиши дипломатӣ баргарданд.
https://sputnik.tj/20230920/shabi-noorom-armaniston-1059479040.html
русия
арманистон
боку
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032993632_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_9d4c81d1aefd0f1dedfeb9cf40a30c8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вазорпати дифоъ, посдорони сулҳ, тахлия, қарабоғ, мардуми осоишта
русия, вазорпати дифоъ, посдорони сулҳ, тахлия, қарабоғ, мардуми осоишта
Тахлияи ду ҳазор сокини осоиштаи Қарабоғ аз сӯи посдорони сулҳи Русия
Вазорати дофои Тоҷикистон мегӯяд, ки Нерӯҳои посдорони сулҳи ин кишвар зиёда аз ду хазор нафар сокинони осоиштаи Карабоғро тахлия карданд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Нерӯҳои посдорони сулҳи Русия беш аз ду ҳазор нафарро аз манотиқи хатарноки Қарабоғи Кӯҳӣ тахлия карданд.
Ба иттилои вазорати дифои Русия тақрибан нисфи сокинони тахлияшуда кӯдакон мебошанд.
"Дар маҷмуъ беш аз ду ҳазор сокини осоишта тахлия шуданд, ки аз ин шумор 1149 нафарашон кӯдакон буданд. Ҳама сокинони тахлияшуда бо ҷои зисти муваққатӣ ва хӯроки гарм таъминанд", - омадааст дар хабари вазорат.
Намояндагони посдорони сулҳи Русия низ аз нисфирӯзии 19 сентябр далелҳои сершумори нақзи оташбас аз ҷониби Озарбойҷон дар тамоми хатти марз сабт карданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 сентябр вазорати дифои Озарбойҷон аз оғози "тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ" барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хабар дод.
Боку изҳор дошт, ки онҳо мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Арманистонро нобуд мекунанд ва ба аҳолии осоишта ва инфрасохтор ҳамла намекунанд.
Ҷониби Арманистон дар навбати худ, таъкид карданд, ки артиши ҷумҳурӣ дар Қарабоғ ягон воҳид ё техника надорад. Сарвазир Никол Пашинян талоши ҷалби Арманистонро ба авҷгирии низомӣ ғайриқобили қабул номид ва аз нирӯҳои посдори сулҳи Русия даъват кард, ки иқдом кунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунанд.
Вазорати хориҷаи Русия аз ташдиди вазъ изҳори нигаронӣ карда, ва аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба созиши дипломатӣ баргарданд.