https://sputnik.tj/20230920/rasonaho-sarboz-ukraini-jang-dast-po-mahrum-1059491518.html
Расонаҳо: тақрибан 25 ҳазор сарбози украинӣ дар ҷанг аз дасту по маҳрум монд
Расонаҳо: тақрибан 25 ҳазор сарбози украинӣ дар ҷанг аз дасту по маҳрум монд
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди низомиёни маъюбмонда дар Украина аз шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон дар тӯли 20 сол, аллакай 1 маротиба бештар аст 20.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-20T21:00+0500
2023-09-20T21:00+0500
2023-09-20T21:00+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
амният ва мудофиа
сарбоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0c/1058790345_0:213:2500:1619_1920x0_80_0_0_24dae3ce995cbfa57a67f1b13bf1075e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона дар Украина тақрибан 25 ҳазор низомии украинӣ дасту пойҳои худро аз даст доданд, ки ин аз шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон дар тӯли 20 сол 10 маротиба бештар аст. Дар ин бора Шабакаи телевизионии Sky News бо истинод ба табиби амрикоӣ Майк Коркоран хабар дод.Коркоран яке аз муассисони маркази тиббии ортопедия ва протез дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки дар он бархе аз низомиёни украинӣ аз офиятбахшӣ мегузаранд.Николай Азаров, нахуствазири собиқи Украина қаблан гуфта буд, ки Киев рақамҳои талафоти воқеиро ба хотири ҷилавгирӣ аз пардохтҳо пинҳон мекунад ва онҳоро ба теъдоди афроди нопадидшуда марбут медонад ва то охири сол талафот аз 500 хазор кас зиёд мешавад. Тавре раиси кумитаи дифоъи Шӯрои Федератсия Виктор Бондарев моҳи апрел гуфта буд, нирӯҳои артиши Украина хеле хароб шудаанд.Русия аз 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомӣ алайҳи Украинаро идома медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20230919/nobudsozi-korvon-moshinhoi-zirehpush-ukraina-1059464470.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0c/1058790345_97:0:2320:1667_1920x0_80_0_0_f2cd7ff62c4538db0df133eaa16256be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, амният ва мудофиа, сарбоз
украина, амалиёти вижа, амният ва мудофиа, сарбоз
Расонаҳо: тақрибан 25 ҳазор сарбози украинӣ дар ҷанг аз дасту по маҳрум монд
Теъдоди низомиёни маъюбмонда дар Украина аз шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон дар тӯли 20 сол, аллакай 1 маротиба бештар аст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона дар Украина тақрибан 25 ҳазор низомии украинӣ дасту пойҳои худро аз даст доданд, ки ин аз шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон дар тӯли 20 сол 10 маротиба бештар аст.
Дар ин бора Шабакаи телевизионии Sky News бо истинод ба табиби амрикоӣ Майк Коркоран хабар дод.
Коркоран яке аз муассисони маркази тиббии ортопедия ва протез дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки дар он бархе аз низомиёни украинӣ аз офиятбахшӣ мегузаранд.
"Ҳадди ақал 25 ҳазор украинӣ аз дасту пой маҳрум шудаанд. Муайян кардани рақами дақиқ мушкил аст - шояд бештар бошад",- гуфта мешавад дар ин матлаб.
Николай Азаров, нахуствазири собиқи Украина қаблан гуфта буд, ки Киев рақамҳои талафоти воқеиро ба хотири ҷилавгирӣ аз пардохтҳо пинҳон мекунад ва онҳоро ба теъдоди афроди нопадидшуда марбут медонад ва то охири сол талафот аз 500 хазор кас зиёд мешавад.
Тавре раиси кумитаи дифоъи Шӯрои Федератсия Виктор Бондарев моҳи апрел гуфта буд, нирӯҳои артиши Украина хеле хароб шудаанд.
Русия аз 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомӣ алайҳи Украинаро идома медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.