Амир Қатар аз толибон* хост то иштибоҳоти гузаштаро такрор накунанд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкЭмир Катара Тамим бен Хамад Аль Тани
Эмир Катара Тамим бен Хамад Аль Тани  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Обуна шудан
Амири Қатар дар Маҷмуи умумии СММ бори дигар гуфтааст, ки толибон* бояд ба тавофуқномаи Доҳа побанд бошанд ва аз такрори иштибоҳоти гузашта ҷилавгирӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Амири Қатар Шайх Таним бин Ҳамидул Сонӣ ахиран дар ҳафтодуҳштмин маҷмаъи СММ афзуд, "мо бар ҳамоҳангии талошҳои байналмилалӣ ва тасҳил гуфтугӯи байни Созмони милал, кишварҳои зирабт ва толибон* барои итминон аз побандӣ ба тавофуқи номаи Давҳа идома медиҳем, ба гунае, ки адами такрори иштибоҳҳои гузаштаро тазмин мекунад".
Ин изҳорот дар ҳолест, ки кишварҳои ҷаҳони борҳо бо интиқод аз толибон* гуфтаанд, ки ин гурӯҳи тайи ду соли режимашон бар асоси тавофуқи номаи сулҳи Давҳа байни толибон ва Амрико амал накарда хушунатҳоро коҳиш надодаанд.
Нишасти маҷмаъи умумии СОзмони милали Муттаҳид ахиран бо ҳузури раҳбарон беш аз 150 кишвар дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд.
Участие во встрече глав государств Центральной Азии и Соединенных Штатов Америки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Аз масоили Афғонистон то иқтисоди "сабз": Раҳмон ба Байден мавқеи Тоҷикистонро баён кард
Туркия ба рағми равобити тақрибан наздикаш бо толибон* ҳокимияти ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
Ин кишвар ба сафи кишварҳои дигари минтақа пайваста ки шиносои расмии толибонро манут ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон кардаанд.
толибон * — ин гурӯҳ ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад .
Лентаи хабарҳо
0