https://sputnik.tj/20230919/vmkb-zan-mansabdor-1059449229.html
ВМКБ чанд зани мансабдор дорад?
ВМКБ чанд зани мансабдор дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нисбатан бештар занон дар Рӯшон фаъолият доранд
2023-09-19T09:03+0500
2023-09-19T09:03+0500
2023-09-19T09:03+0500
дар тоҷикистон
занон
мансабдор
ҳукумат
корманд
вмкб
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058084154_0:20:1024:596_1920x0_80_0_0_030736585521e0745966ea68f757e0ee.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Занон дар мақомоти мақаҳллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ маҷмӯъ 234 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз 74 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Ба иттилои бахши Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар ВМКБ, аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи шаҳри Хоруғ 31 нафар, ноҳияи Дарвоз - 11, ноҳияи Ванҷ - 12, ноҳияи Рӯшон - 36, ноҳияи Шуғнон - 32, Ишкошим - 21, Роштқалъа - 28 ва ноҳияи Мурғоб 26 нафар зан фаъолият доранд. Мақомоти ВМКБ мегӯянд, барои тарбияи кадрҳои болаёқат ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон чораандеширо таҳким мебахшанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа талош дорад, ки онҳоро ҳарчи бештар ба фаъолият дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ба хизмати давлатӣ ҷалб намояд.Аз ҷумла, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Ҷумъа Давлатов дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гуфт, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафари он занон мебошанд.Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ, шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 118 нафар зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230825/tedod-biznes-ledi-zanoni-mansabdor-dushanbe-1059040795.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058084154_45:0:986:706_1920x0_80_0_0_681c8f5bddd411ef94b2010a6d923c37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шумора, занон, мансабдор, вмкб, фаъолият
шумора, занон, мансабдор, вмкб, фаъолият
ВМКБ чанд зани мансабдор дорад?
Аз миёни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нисбатан бештар занон дар Рӯшон фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Занон дар мақомоти мақаҳллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ маҷмӯъ 234 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз 74 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Ба иттилои бахши Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар ВМКБ, аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи шаҳри Хоруғ 31 нафар, ноҳияи Дарвоз - 11, ноҳияи Ванҷ - 12, ноҳияи Рӯшон - 36, ноҳияи Шуғнон - 32, Ишкошим - 21, Роштқалъа - 28 ва ноҳияи Мурғоб 26 нафар зан фаъолият доранд.
Мақомоти ВМКБ мегӯянд, барои тарбияи кадрҳои болаёқат ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон чораандеширо таҳким мебахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа талош дорад, ки онҳоро ҳарчи бештар ба фаъолият дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ба хизмати давлатӣ ҷалб намояд.
Аз ҷумла, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Ҷумъа Давлатов дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гуфт, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафари он занон мебошанд.
Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ, шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 118 нафар зиёд мебошад.