Вазорати нақлиёт қабулгоҳи электрониро фаъол кард

© SputnikЕдиная электронная система оформления разрешительных документов на сайте министерства транспорта и министерства здравоохранения и социальной защиты Таджикистана
Единая электронная система оформления разрешительных документов на сайте министерства транспорта и министерства здравоохранения и социальной защиты Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Бар асоси қонунгузорӣ мақомот барои ҷавоб додан ба муроҷиаткунанда 30 рӯз муҳлат доранд, аммо масъулин мегӯянд, талош доранд, ин корро сареътар анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Барои қонеъ гардонидани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҷавоб додан ба саволҳои онҳо дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон қабулгоҳи электронӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, акнун шаҳрвандон метавонанд бо суроғаи qabulgoh@mintrans.tj нома фиристанд, ба вазир ё муовинони ӯ суол диҳанд ва ё ба қабулашон номнавиш гарданд.
"Робитаи мустақим бо аҳолӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба мушкилоти соҳа саривақт вокуниш нишон диҳем, дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳалли онҳо чораҳои дахлдор андешем ва ҳамзамон самаранокии тадбирҳо ва ташаббусҳои андешидаамонро пайгирӣ намоем", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Сокинони шаҳри Норак дар вохури бо раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Шикоятҳои мардуми Норак ба раиси вилояти Хатлон
Таъкид шудаст, ки муроҷиатҳои воридшаванда дар шӯъбаи коргузорӣ ба қайд гирифта шуда, барои муайян сохтани иҷрокунанда ба роҳбарият пешниҳод мегарданд.
Масъулини Вазорати нақлиёт мегӯянд, бар асоси қонунгузорӣ онҳо барои ҷавоб ба муроҷиаткунанда 30 рӯз муҳлат доранд, аммо талош мекунанд, ки ин корро сареътар анҷом диҳанд.
"Дар қабулгоҳи электронӣ ҳамон мӯҳлате амал мекунад, ки барои муроҷиатҳои хаттӣ ба ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ муқаррар шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки вазорат дар ду шакл - электронӣ, агар ному насаб ва суроғаи почтаи электронӣ нишон дода шуда бошад ё дар шакли хаттӣ - агар ному насаб ва суроғаи аниқи ҷои истиқомат зикр шуда бошад.
Лентаи хабарҳо
0