Коршинос гуфт, ки хуруҷи муҳоҷирон ба бозори кори Русия чӣ таъсир мерасонад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРабота нового терминала аэропорта
Работа нового терминала аэропорта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Корфармоён бо сабаби душвории қабул ба кор бо ҳамдигар рақобат карда, музди меҳнатро зиёд мекунанд, аммо талабот ба маҳсулнокии кормандон бетағйир мемонад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Хуруҷи муҳоҷирон аз Русия ба бозори меҳнат таъсир мерасонад.
Дар ин бора Юрий Михеев, сардори шӯъбаи таҳлилии Zarplata.ru хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ба хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ тағйирёбии қурби асъор таъсир мерасонад.
"Одатан муҳоҷирони корӣ даромади худро ба ватанашон интиқол медиҳанд, аммо ҳоло ин барои онҳо камтар фоидаовар шудааст, аз ин рӯ бисёриҳо тасмим гирифтанд, ки ба кишварҳои худ баргарданд", - таъкид кард Михеев.
Аммо ба гуфтаи ӯ, ба кам будани пешниҳоди корҷӯён норасоии демографӣ, таконҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин рафтани бахше аз аҳолии қобили кор таъсир мерасонад.
Ҳамин тариқ, дар бозори меҳнат дар Русия афзоиши рекордии шумораи ҷойҳои корӣ мушоҳида мешавад, гуфт коршинос дар мусоҳиба бо РИА Новости.
"Дарвоқеъ, ширкатҳои русӣ дар моҳи сентябр ба авҷи фаъолият ворид шуданд ва бозори меҳнат тирамоҳи рекордиро аз нигоҳи афзоиши шумораи ҷойҳои кории холӣ интизор аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мутахассис, корфармоён ба далели мушкили ба кор қабул кардан бо ҳам рақобат мекунанд: музди меҳнат дар моҳи августи соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 29% афзоиш ёфтааст.
"Гарчанде ҳосилнокии меҳнат дар ин самт тағйир наёфтааст", — гуфт дар хотима Юрий Михеев.
Водительские удостоверения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Путин дастур дод, ки бозомӯзии ронандагони дорои шаҳодатномаи хориҷӣ сода карда шавад
Қаблан дар Русия як вебсайти вижа барои муҳоҷирони тоҷик ба фаъолият шурӯъ карда буд.
Сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон Tajiki-rossii.rf барои ҳар як шаҳрванди кишваре, ки дар Русия воқеъ аст, як дастури мувофиқ мебошад.
Тибқи ташаббуси ҷорӣ, дар ин вебсайт дар бораи ҷойҳои кории холӣ бо шуғли кафолатнок маълумот пайдо кардан, маълумот оид ба гирифтани патент, инчунин харидани чиптаҳо ба кишвари худ ва аз ватани худ имконпазир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0