https://sputnik.tj/20230918/zaminlarza-nav-vmkb-kujo-1059442174.html
Заминларзаи нав дар ВМКБ: дар куҷо рӯй дод
Заминларзаи нав дар ВМКБ: дар куҷо рӯй дод
Sputnik Тоҷикистон
Заминларза дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон мегӯяд, он дар пайи харобӣ ва қурбонӣ надошт
2023-09-18T10:21+0500
2023-09-18T10:21+0500
2023-09-18T10:46+0500
заминларза
дар тоҷикистон
вмкб
кҳф
академияи улуми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102169/66/1021696691_0:113:1301:844_1920x0_80_0_0_dc9f8cc5c4dc32c6c2aaa371d531231b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар ин бора олимони Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонхабар доданд. Заминларза бо шиддати 3-4 дараҷа соати 21:23 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Ларзиши замин дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ рух додааст. Минтақаи дақиқи зилзила дар 38,38 градуси арзи шимолӣ; 72,24 градус тули шарқӣ мебошад. Маркази заминларза дар умқи 10 километр воқеъ будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса дар пай харобиву қурбонӣ надошт.Маврид ба зикр аст, ки ин минтақа як минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд - ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар марзи Афғонистон, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ.Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ барои арзёбии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифати технологии корҳои сохтмонӣ, маводу маснуот озмоишгоҳи махсус таъсис дода шуд.Дар баробари ин комиссия ба сифати иншоот аз руи ба зилзила тобоварӣ назорат мекунад.Дар ҷумҳурӣ ба ин ҷихат баъд аз заминларзаи харобиовар дар Туркия диккати махсус дода шуд.
https://sputnik.tj/20230912/tedod-qurboniyon-zaminlarza-marokash-afzoish-1059335915.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102169/66/1021696691_0:0:1193:895_1920x0_80_0_0_1fb63b9eff010d9a6077beffac6a2f0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза нав вмкб
Заминларзаи нав дар ВМКБ: дар куҷо рӯй дод
10:21 18.09.2023 (Навсозишуда: 10:46 18.09.2023) Заминларза дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон мегӯяд, он дар пайи харобӣ ва қурбонӣ надошт
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларза рух дод.
Дар ин бора олимони Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонхабар доданд.
Заминларза бо шиддати 3-4 дараҷа соати 21:23 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст.
Ларзиши замин дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ рух додааст.
Минтақаи дақиқи зилзила дар 38,38 градуси арзи шимолӣ; 72,24 градус тули шарқӣ мебошад. Маркази заминларза дар умқи 10 километр воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса дар пай харобиву қурбонӣ надошт.
Маврид ба зикр аст, ки ин минтақа як минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд - ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар марзи Афғонистон, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ барои арзёбии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифати технологии корҳои сохтмонӣ, маводу маснуот озмоишгоҳи махсус таъсис дода шуд.
Дар баробари ин комиссия ба сифати иншоот аз руи ба зилзила тобоварӣ назорат мекунад.
Дар ҷумҳурӣ ба ин ҷихат баъд аз заминларзаи харобиовар дар Туркия диккати махсус дода шуд.