Паҳлавонҳои тоҷик аз "Гран-прии самбо"-и Русия бо 3 медал бармегарданд

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкМусобиқаи самбо, акс аз бойгонӣ
Мусобиқаи самбо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Обуна шудан
Дар мусобиқоти байналмилалии "Гран-прии самбо", ки дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор шуд, паҳлавонҳои тоҷик ду нишони нуқра ва як биринҷиро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Паҳлавони тоҷик, Анушервон Назарзода дар сабқати ниҳоии риштаи самбои варзишӣ дар вазни 58 кило дар Уфа аз намояндаи Русия, Алберт Монгуш шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқра гашт.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", дар ин вазн ҷойҳои сеюмро Акжол Болтабоев аз Қазоқистон ва Данир Шамсуддинов аз Русия сазовор гардиданд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон, Умедҷон Муҳиддинов дар риштаи самбои размӣ дар вазни 71 кило сабқат барои медали тилоро дар финал ба паҳлавони ӯзбек, Шариф Кушаев бохт.
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Коршинос имкони пирӯзии Ғафуровро дар мубориза бо Нурмуҳаммадов арзёбӣ кард
Ҷойҳои сеюми ин вазн насиби намояндагони кишвари мизбон Шаҳбози Нозимзода ва Абдулқодир Фаттоҳов шудаст.
Медали биринҷӣ дар самбои размӣ дар вазни 79 килоро паҳлавони тоҷик Субҳон Мирзомуродзода ба сандуқи варзишии Тоҷикистон овард.
Нишони тилои ин вазнро Рим Хазиахметов ва нуқраро Кирилл Сёмин ҳарду аз Русия соҳиб шуданд.
Маврид ба зикр мусобиқаи мазкур дар Уфа бо ширкати ҳудуди 170 варзшгар аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра баргузор шуд. Аз миёни 7 намояндаи Тоҷикистон 3 нафарашон соҳиби нишон гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0