https://sputnik.tj/20230918/inshoot-orostani-dastarkhon-korash-1059448995.html
Иншооти нав дар Суғд бо оростани дастархон барои ятимон корашро оғоз бахшид
Иншооти нав дар Суғд бо оростани дастархон барои ятимон корашро оғоз бахшид
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи нави хизматрасонии дуошёнаро ба истифода дод, ки ба иттилои мақомот даҳҳо нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад
2023-09-18T15:56+0500
2023-09-18T15:56+0500
2023-09-18T15:56+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
дастархон
идона
кор
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058311_0:151:2889:1776_1920x0_80_0_0_5bdbeb3c0ad65ce3860e1b84b6341480.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии "Анситу", раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок доштанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки маҷмаа бо оростани дастархони идона барои беш аз 80 нафар наврасони ятиму бепарастор фаъолияташро оғоз бахшида, ҳамчунин ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардаст. "Маҷмаа аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 300 нафар хизмат расонида мешавад. Дар ин маҷмаа беш аз 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд", - омадааст дар иттилоия. Аҳмадзода дар ифтитоҳи маҷмааи мазкур изҳор дошт, ки ба истиқболи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду азнавсозии ҳазорҳо иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.Ба иттилои мақомот, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифт шуда буд, ки чоряки он иҷро гардид.Мақомоти Суғд мегӯянд, дар соли 2022 ва нимсолаи аввали 2023 сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими беш аз 3,1 ҳазор иншоот ба анҷом расонда шуд.
https://sputnik.tj/20230910/panohgohi-iztiror-vmkb-bunyod-1059308665.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033058311_161:0:2729:1926_1920x0_80_0_0_1a3a816b2355ebdbe5abf5f135847b52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис, суғд, хуҷанд, тарабхона, иншоот, дастархон, нав
раис, суғд, хуҷанд, тарабхона, иншоот, дастархон, нав
Иншооти нав дар Суғд бо оростани дастархон барои ятимон корашро оғоз бахшид
Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи нави хизматрасонии дуошёнаро ба истифода дод, ки ба иттилои мақомот даҳҳо нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии "Анситу", раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок доштанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки маҷмаа бо оростани дастархони идона барои беш аз 80 нафар наврасони ятиму бепарастор фаъолияташро оғоз бахшида, ҳамчунин ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардаст.
"Маҷмаа аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 300 нафар хизмат расонида мешавад. Дар ин маҷмаа беш аз 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Аҳмадзода дар ифтитоҳи маҷмааи мазкур изҳор дошт, ки ба истиқболи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду азнавсозии ҳазорҳо иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.
Ба иттилои мақомот, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифт шуда буд, ки чоряки он иҷро гардид.
Мақомоти Суғд мегӯянд, дар соли 2022 ва нимсолаи аввали 2023 сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими беш аз 3,1 ҳазор иншоот ба анҷом расонда шуд.