“Ал-Дуҳайл” барои рақобат бо "Истиқлол" вориди Душанбе шуд

© ФК "Истиклол"Соперник "Истиклола" по первому матчу группового турнира Лиги чемпионов Азии катарский "Аль-Духайл" прибыл в Душанбе.
Соперник Истиклола по   первому матчу  группового турнира Лиги чемпионов Азии катарский Аль-Духайл  прибыл в Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Обуна шудан
Қаҳрамони Тоҷикистон, тими футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе рақобати аввалини худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар майдони худ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тими футболи "Ал-дуҳайл"-и Қатар барои рақобат бо дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Дар ин бора дафтари мабуоти бошгоҳи пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, меҳмононро дар фурудгоҳ мизбони ин вохӯрӣ – намояндагони "Истиқлол", ФФТ, сафорати Қатар дар Тоҷикистон ва хабарнигрон пешвоз гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки сармураббии дастаи "Ал-дуҳайл" Эрнан Креспо ба ин вохӯрӣ 22 бозингарро бо худ овардааст.
Бозии дастаи қатарӣ ва бошгоҳи Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 сурат мегирад.
Таджикский футбольный арбитр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Доварони Тоҷикистон бозиҳои КФО-ро ҳакамӣ мекунанд
Манбаъ афзуд, ки бозӣ бо "Ал-Дуҳайл" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия барои мавсими 2023-2024 доир шуд, тими футболи “Истиқлол” дар гурӯҳи "Е" бозӣ мекунад.
Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0