https://sputnik.tj/20230917/shabaka-terroristi-eron-bezarar-gardonda-1059431949.html
Шабакаи террористӣ дар Эрон безарар гардонда шуд
Шабакаи террористӣ дар Эрон безарар гардонда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои амниятии Эрон як шабакаи террористонро ошкор ва безарар кардаанд, ки қасди даст задан ба ҳамлаҳои интиҳорию нооромиҳо дар ин ҷумҳуриро доштанд
2023-09-17T13:54+0500
2023-09-17T13:54+0500
2023-09-17T13:54+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
эрон
ҳамлаи террористӣ
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/18/1058421311_0:0:2406:1353_1920x0_80_0_0_c3c50cb794b7888887fe65b838e9e44a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Эрон як шабакаи террористии иборат аз 15 нафар, ки қасди анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористиро бо истифода аз маводи таркандаи худсохт доштанд, безарар гардониданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба созмони иктишофии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии ин кишвар хабар доданд."Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 15 нафарро аз як шабакаи созмонёфтаи террористӣ барои тавлиди таҷҳизоти таркандаи худсохт муайян ва боздошт карданд", — навиштааст расонаҳо.Ёдовар мешавем, ки расонаҳои Эрон тайи рӯзҳои охир пайваста дар бораи фаъолияти густурдаи террористон ва ҳамчунин талошҳои анҷоми нооромиҳо дар қаламрави ҷумҳурии исломӣ гузориш медиҳанд.Ин фаъолии онҳо ба солгарди даргузашти марги Маҳсо Аминӣ вобаста аст, ки дар натиҷаи он тирамоҳи соли гузашта дар ҷумҳурӣ эътирозҳои бесобиқа сурат гирифтанд. Аминӣ 16 сентябри соли 2022 дар пайи боздошт аз ҷониби пулиси ахлоқӣ фавтида буд. Эътирозгарон ҳукуматро дар марги Маҳсо муттаҳам карданд, ки баъд аз он занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯи худро кушоданд ва ҳиҷоби худро сӯзонданд. Ҳамчунин тайи чанд муддат намоишҳои оммавӣ таҳти шиори "Зан, зиндагӣ ва озодӣ" баргузор шуда буданд, ки хусусияти сартосарӣ пайдо карданду зимни саркӯби онҳо даҳҳо нафар кушта шуда буданд.
https://sputnik.tj/20230814/omilon-hamla-masjid-shohcharogh-eron-javobgari-1058805948.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/18/1058421311_84:0:2377:1720_1920x0_80_0_0_7306316fef87eaa6c3d0cec7d41acbd3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ошкор, безарар, эрон, шабака, террористӣ
ошкор, безарар, эрон, шабака, террористӣ
Шабакаи террористӣ дар Эрон безарар гардонда шуд
Нерӯҳои амниятии Эрон як шабакаи террористонро ошкор ва безарар кардаанд, ки қасди даст задан ба ҳамлаҳои интиҳорию нооромиҳо дар ин ҷумҳуриро доштанд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Эрон як шабакаи террористии иборат аз 15 нафар, ки қасди анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористиро бо истифода аз маводи таркандаи худсохт доштанд, безарар гардониданд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба созмони иктишофии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии ин кишвар хабар доданд.
"Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 15 нафарро аз як шабакаи созмонёфтаи террористӣ барои тавлиди таҷҳизоти таркандаи худсохт муайян ва боздошт карданд", — навиштааст расонаҳо.
Ёдовар мешавем, ки расонаҳои Эрон тайи рӯзҳои охир пайваста дар бораи фаъолияти густурдаи террористон ва ҳамчунин талошҳои анҷоми нооромиҳо дар қаламрави ҷумҳурии исломӣ гузориш медиҳанд.
Ин фаъолии онҳо ба солгарди даргузашти марги Маҳсо Аминӣ вобаста аст, ки дар натиҷаи он тирамоҳи соли гузашта дар ҷумҳурӣ эътирозҳои бесобиқа сурат гирифтанд.
Аминӣ 16 сентябри соли 2022 дар пайи боздошт аз ҷониби пулиси ахлоқӣ фавтида буд.
Эътирозгарон ҳукуматро дар марги Маҳсо муттаҳам карданд, ки баъд аз он занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯи худро кушоданд ва ҳиҷоби худро сӯзонданд.
Ҳамчунин тайи чанд муддат намоишҳои оммавӣ таҳти шиори "Зан, зиндагӣ ва озодӣ" баргузор шуда буданд, ки хусусияти сартосарӣ пайдо карданду зимни саркӯби онҳо даҳҳо нафар кушта шуда буданд.