Бунёди коргоҳи кафшдӯзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдБунёди коргоҳи кафшдӯзии “Ҳаётулло” дар ноҳияи Мастчоҳ
Бунёди коргоҳи кафшдӯзии “Ҳаётулло” дар ноҳияи Мастчоҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Обуна шудан
Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бунёди коргоҳи кафшдӯзӣ бо иқтидори беш аз 10 ҳазор ҷуфт пойафзол барои мактаббачагон идома дорад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди коргоҳи кафшдӯзии “Ҳаётулло” идома дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Иноятулло Иноятов сохта шуда, бо дастгоҳҳои муосири сохти Чин муҷаҳҳаз мегардад.
Бинои коргоҳ аз ду ошёна ва як таҳхона иборат аст. Тибқи нақша баробари ба фаъолият оғоз кардан ба корхона то 20 нафар занону духтаронро ба кор ҷалб хоҳанд шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки иқтидори истеҳсоли корхона дар як моҳ беш аз 10 ҳазор ҷуфт кафшро ташкил медиҳад, ки асосан барои мактаббачагон пешбинӣ шудааст.
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2023
Ҳукумати Суғд гуфт, нақшаи бунёди иншоот дар вилоят чӣ қадар иҷро гардид
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ дар баробари таъмини фармоиш, ҳамчунин ба дигар бозорҳои кишвар низ интиқол дода хоҳанд шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони коргоҳи пойафзолдӯзӣ шинос гардид.
Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи пойафзолдӯзӣ барои тақвияти корҳои сохтмонӣ, ба кор ҷалб намудани ҷавонони бешуғл ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ дастуру супоришҳо дод.
Лентаи хабарҳо
0