https://sputnik.tj/20230916/bonki-milli-sikka-nav-muomilat-barovard-1059419830.html
Бонки миллӣ сиккаҳои нав ба муомилат баровард
Бонки миллӣ сиккаҳои нав ба муомилат баровард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикстон эълон кардааст, ки сиккаҳои 1, 3, 5 сомонӣ ва дирамҳои 20, 50-и барориши соли 2023 ба муомилот баровардааст
2023-09-16T10:23+0500
2023-09-16T10:23+0500
2023-09-16T10:23+0500
бмт
дар тоҷикистон
сикка
танга
гардиш
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102596/60/1025966098_0:0:5008:2817_1920x0_80_0_0_ceb206090229e781eeb301c8126118d0.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон сиккаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонк.Ба иттилои БМТ ин иқдом бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ сурат гирифтааст.Масъулини Бонк қайд намуданд, ки тангаҳои барориши соли 2023 дар қатори сиккаҳои гардишии Бонки миллӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.Таъкид шудааст, ки БМТ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта БМТ эълон карда буд, ки аз санаи 01 июли соли 2022 сиккаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад.Сиккаҳои сохти соли 2022 дар қатори тангаҳое, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
https://sputnik.tj/20210309/Bonki-milli-sikkahoi-jashni-metal-qimatbaho-muomilot--1032972583.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102596/60/1025966098_626:0:4382:2817_1920x0_80_0_0_f0d381077667303d25df6042a24ce09d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллии тоҷикистон, сикка, танга, барориш, гардиш, муомилот
тоҷикистон, бонки миллии тоҷикистон, сикка, танга, барориш, гардиш, муомилот
Бонки миллӣ сиккаҳои нав ба муомилат баровард
Бонки миллии Тоҷикстон эълон кардааст, ки сиккаҳои 1, 3, 5 сомонӣ ва дирамҳои 20, 50-и барориши соли 2023 ба муомилот баровардааст
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон сиккаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонк.
Ба иттилои БМТ ин иқдом бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ сурат гирифтааст.
Масъулини Бонк қайд намуданд, ки тангаҳои барориши соли 2023 дар қатори сиккаҳои гардишии Бонки миллӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Таъкид шудааст, ки БМТ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта БМТ эълон карда буд, ки аз санаи 01 июли соли 2022 сиккаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад.
Сиккаҳои сохти соли 2022 дар қатори тангаҳое, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.