https://sputnik.tj/20230915/tashkil-jangalzor-joy-khushkshuda-aral-1059413970.html
Ташкили ҷангалзор дар ҷойҳои хушкшудаи баҳри Арал
Ташкили ҷангалзор дар ҷойҳои хушкшудаи баҳри Арал
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Ӯзбекистон гуфт, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ ва иҷтимоии минтақаи баҳри Арал кадом корҳоро дар ҳоли ҳозир амалӣ карда мешаванд
2023-09-15T16:59+0500
2023-09-15T16:59+0500
2023-09-15T16:59+0500
осиёи марказӣ
шавкат мирзиёев
баҳр
баҳри арал
хушксолӣ
ҷангал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1a/1055181988_0:0:2156:1213_1920x0_80_0_0_15734555cd7c51a0d50a0c3c55689e38.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар чанд соли охир дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал дар майдони 1,7 млн гектар ҷангалзорҳо шинонда шудаанд. Дар ин бора раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев зимни ҳамоиши байналмилалии роҳбарони кишварҳои муассиси Фонди наҷоти баҳри Арал дар Душанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли наздик боз дар 400 ҳазор гектар ташкили камарбандҳои сабзи муҳоҷизатӣ ба нақша гирифта шудааст. Мирзиёев дар мавриди наҷоти баҳри Арал инчунин муҳим хондааст, ки самаранокии истифодаи об боло бардошта шавад. "Ҳамчунин барои сабук кардани паёмадҳои фоҷиаи баҳри Арал, ҳифзи гуногунии биологӣ дар ҳавзаи он, дар майдони беш аз 3,5 млн гектар паркҳою мамнуъгоҳҳои давлатӣ бунёд карда шудаанд", - гуфт Мирзиёев. Вай илова намуд, ки ҳамчунин дар давоми 7 соли охир технологияҳои ҷадиди сарфаи об дар майдони зиёда аз 1 млн гектар татбиқ шудааст. Мирзиёев аз шарикон даъват кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи обро тақвият бахшида, барои баррасии масоили ин бахш ҷаласаҳои мунтазами вазирони захираҳои об, энергетика, муҳити зист ва иқтисоди кишварҳои минтақа гузаронда шаванд.
https://sputnik.tj/20230915/rahmon-rohbaron-osiyoi-markazi-nemat-tabii-video-1059409421.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1a/1055181988_392:0:2009:1213_1920x0_80_0_0_4d73cf4b91d2321e631e1721a0a0ee5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, ӯзбекистон, наҷот, баҳр, арал, кор, иқдом
мақомот, ӯзбекистон, наҷот, баҳр, арал, кор, иқдом
Ташкили ҷангалзор дар ҷойҳои хушкшудаи баҳри Арал
Роҳбарияти Ӯзбекистон гуфт, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ ва иҷтимоии минтақаи баҳри Арал кадом корҳоро дар ҳоли ҳозир амалӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар чанд соли охир дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал дар майдони 1,7 млн гектар ҷангалзорҳо шинонда шудаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев зимни ҳамоиши байналмилалии роҳбарони кишварҳои муассиси Фонди наҷоти баҳри Арал дар Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли наздик боз дар 400 ҳазор гектар ташкили камарбандҳои сабзи муҳоҷизатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мирзиёев дар мавриди наҷоти баҳри Арал инчунин муҳим хондааст, ки самаранокии истифодаи об боло бардошта шавад.
"Ҳамчунин барои сабук кардани паёмадҳои фоҷиаи баҳри Арал, ҳифзи гуногунии биологӣ дар ҳавзаи он, дар майдони беш аз 3,5 млн гектар паркҳою мамнуъгоҳҳои давлатӣ бунёд карда шудаанд", - гуфт Мирзиёев.
Вай илова намуд, ки ҳамчунин дар давоми 7 соли охир технологияҳои ҷадиди сарфаи об дар майдони зиёда аз 1 млн гектар татбиқ шудааст.
Мирзиёев аз шарикон даъват кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи обро тақвият бахшида, барои баррасии масоили ин бахш ҷаласаҳои мунтазами вазирони захираҳои об, энергетика, муҳити зист ва иқтисоди кишварҳои минтақа гузаронда шаванд.