https://sputnik.tj/20230915/hukumati-khujand-mushkili-norasii-obi-nushoki-dar-mikronohiyai-3-um-bartaraf-karda-meshavad-1059415652.html
Ҳукумати Хуҷанд: Мушкили норасии обӣ нӯшокӣ дар микроноҳияи 3-юм бартараф карда мешавад
Ҳукумати Хуҷанд: Мушкили норасии обӣ нӯшокӣ дар микроноҳияи 3-юм бартараф карда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ояндаи наздик микроноҳияи 3-юми шаҳр низ ба мисли дигар маҳаллаҳо ба таври шабонарӯзӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд
2023-09-15T18:59+0500
2023-09-15T18:59+0500
2023-09-15T18:59+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
вокуниш
камбудӣ
оби нӯшокӣ
ҳукумат
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/72/1022417296_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_65552aa9164cf9bb286fc4ea79910905.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба матлаби таҳлилии Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкили камбуди оби нӯшокӣ дар яке аз маҳалаҳои ин шаҳр вокуниш кардааст.Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд дар вокунишаш аз ҷумла гуфтааст, ки баъди нашри матлаби Sputnik Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба таъсиси як гурӯҳи корӣ водор шуда ва онро муваззаф намудааст, ки мушкили мавҷударо ба баррасӣ гиранд.Бино ба вокуниши ба нашррасида, Насим Мамадҷонов, директори ҶДММ "Хизматрасон-2013", ки масъулияти обрасонии микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд бар ӯҳдаи ин ширкат аст, ба таври қатъӣ вазифадор гардидааст, ки реҷаи обрасониро ба беш аз 10 - 12 соат дар шабонарӯз таъмин кунад.Роҳбари “Хизматрасон – 2013” дар вақти омодаи гузориш, ҳозир нашуд, ки бо мо суҳбат кунад ва сабабҳои аслии пеш омадани мушкилро баён намояд.Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ Sputnik Тоҷикистон гузоришеро аз маҳаллаи 3 юм бо номи “Зиндагӣ бо зарфҳои пластикӣ: мушкили “қадима”-и як маҳаллаи Хуҷанд” ба нашр расонид, ки дар ин гузориши видеоӣ сокинони ин маҳаллаи шаҳр дар бораи мушкили танқисӣ аз оби нушокӣ изҳор кардаанд.Ба ҳисоби сокинон, ҳатто раисони биноҳои ошёнадори ин маҳалла аз мушкили оби нушокӣ таъкид варзидаанд. Сокинони ин маҳлла бо зикри ин мушкил ба насби зарфҳои пластикии таҳхонаҳои биноҳои ошёнадор ишора намудаанд, ки бозгӯи мушкили “қадима” ин микроноҳия мебошад.Дафтари матбуоти шарҳрдорӣ дар поёни вокуниш мушкилоти мавҷударо иқрор карда аз ҷумла нигоштааст, ки “таъминоти оби нўшокӣ ба аҳолӣ дар микроноҳияи 3-юм зери назорати доимии роҳбарияти шаҳр қарор дошта, мушкилоти мавҷуда марҳила ба марҳила бартараф гардида, дар ояндаи наздик чун дигар сокинони маҳаллаҳои шаҳр дар ин микроноҳия низ таъминоти шабонарўзии оби нўшокӣ ба роҳ монда мешавад”.
https://sputnik.tj/20230908/zindagi-zarfho-plastiki-mushkil-qadima-imahalla-khujand-video-1059287457.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/72/1022417296_219:0:2948:2047_1920x0_80_0_0_4902ffddfd1de246d587004a1e85b487.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, камобӣ, мушкил, оби ошомиданӣ, суғд, бартараф
тоҷикистон, хуҷанд, камобӣ, мушкил, оби ошомиданӣ, суғд, бартараф
Ҳукумати Хуҷанд: Мушкили норасии обӣ нӯшокӣ дар микроноҳияи 3-юм бартараф карда мешавад
Дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ояндаи наздик микроноҳияи 3-юми шаҳр низ ба мисли дигар маҳаллаҳо ба таври шабонарӯзӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба матлаби таҳлилии Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкили камбуди оби нӯшокӣ дар яке аз маҳалаҳои ин шаҳр вокуниш кардааст.
Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд дар вокунишаш аз ҷумла гуфтааст, ки баъди нашри матлаби Sputnik Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба таъсиси як гурӯҳи корӣ водор шуда ва онро муваззаф намудааст, ки мушкили мавҷударо ба баррасӣ гиранд.
Бино ба вокуниши ба нашррасида, Насим Мамадҷонов, директори ҶДММ "Хизматрасон-2013", ки масъулияти обрасонии микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд бар ӯҳдаи ин ширкат аст, ба таври қатъӣ вазифадор гардидааст, ки реҷаи обрасониро ба беш аз 10 - 12 соат дар шабонарӯз таъмин кунад.
Роҳбари “Хизматрасон – 2013” дар вақти омодаи гузориш, ҳозир нашуд, ки бо мо суҳбат кунад ва сабабҳои аслии пеш омадани мушкилро баён намояд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ Sputnik Тоҷикистон гузоришеро аз маҳаллаи 3 юм бо номи “Зиндагӣ бо зарфҳои пластикӣ: мушкили “қадима”-и як маҳаллаи Хуҷанд” ба нашр расонид, ки дар ин гузориши видеоӣ сокинони ин маҳаллаи шаҳр дар бораи мушкили танқисӣ аз оби нушокӣ изҳор кардаанд.
Ба ҳисоби сокинон, ҳатто раисони биноҳои ошёнадори ин маҳалла аз мушкили оби нушокӣ таъкид варзидаанд. Сокинони ин маҳлла бо зикри ин мушкил ба насби зарфҳои пластикии таҳхонаҳои биноҳои ошёнадор ишора намудаанд, ки бозгӯи мушкили “қадима” ин микроноҳия мебошад.
Дафтари матбуоти шарҳрдорӣ дар поёни вокуниш мушкилоти мавҷударо иқрор карда аз ҷумла нигоштааст, ки “таъминоти оби нўшокӣ ба аҳолӣ дар микроноҳияи 3-юм зери назорати доимии роҳбарияти шаҳр қарор дошта, мушкилоти мавҷуда марҳила ба марҳила бартараф гардида, дар ояндаи наздик чун дигар сокинони маҳаллаҳои шаҳр дар ин микроноҳия низ таъминоти шабонарўзии оби нўшокӣ ба роҳ монда мешавад”.