Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси Ассотсиатсияи ВАО-и давлатҳои ОМ

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Обуна шудан
Ин пешниҳодро кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ироа кард
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи ин давлатҳо таъсис дода шавад.
Мақсади таъсиси чунин ассосиатсияро президент инъикоси воқеии ҳаводис дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонд. Ӯ гуфт вақтҳои охир фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан мухолиф ва таҳрифшуда дар бораи вазъи минтақа пур шудааст.

"Зарур аст, то барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии воқеӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки на ба тахмину фарзия, балки ба далелҳои ҳақиқӣ асос ёфта бошад, тадбирҳои амалӣ андешида шавад. Бо ин ҳадафҳо мо пешниҳод менамоем, ки Ассотсиатсияи ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад", — таъкид кард Раҳмон.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро ба масоили:
ҳамкории сиёсӣ баҳри густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ,
таҳияи барномаҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани фаъолонаи технологияҳои нав,
амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиёт ва инфрасохтор,
истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ,
рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, барои таъмини амният дар фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ таъсис додани Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷалб намуд.
Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аввалиндараҷаи кишвардорони Осиёи Марказиро гуфт
Ёдрас мешавем, ки дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони Осиёи Марказӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0