Интиқоди тунди Исломобод аз ҳукумати толибон*

© AFP 2023 / Mohd RasfanЧлены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Обуна шудан
Толибон* дар айни замон ҳукумати оддию лозимиеро надоранд, ки вазъият дар марзҳои мухталифи Афғонистонро таҳти назорат дошта бошад, гуфт мақомдори Исломобод
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Афғонистон ҳукумати лузумӣ барои муносибатҳои байналмилалӣ вуҷуд надорад.
Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Покистон Анвар ул-Ҳақ Какар баён дошт, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Афғонистон давлате вуҷуд надорад, ки аз низоми равобити байнулмилалии Вестфал бармеояд ва бархе далелҳо овардааст.
"Толибон* ҳамчун ҳукумати марказӣ он чиро, ки дар марзҳо рух медиҳад, назорат намекунанд ва тавофуқҳо бо бархе аз мансабдорони онҳо, барои иддаи дигаре аз онҳо ҳеч маъное надоранд", - гуфтаст мақомдори баландпояи Покистон.
Вай ҳамчунин ҳукумати толибҳоро ғайриқонунӣ хонда, зарба ба хоки Афғонистонро аз ҷониби Покистон истисно накард.
Вай тавзеҳ додааст, ки зарба метавонад ҷавобан ба таҷовуз ба қаламрави Покистон амалӣ гардад.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Шӯрои муқовимати Афғонистон: идомаи таъомул бо толибон 11 сентябрро такрор хоҳад кард
Қаблан маҳз хадамоти иктишофӣ ва низомии Покистон аз сарпарастони асосии толибон* дар минтақа арзёбӣ мешуданд.
Муносибатҳои Исломобод ва Кобул ҳоло сард буда, миёни кишварҳо дар баробари роҳбандиҳо ҳамчунин мунтазам даргириҳои марзӣ сурат мегиранд.
*Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0