Дидори Путин ва Ким Чен Ин аз пойгоҳи фазоии "Восточный" ва суҳбати сарироҳӣ – видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ва Раҳбари Ҷумҳурии мардумии демократии Корея пас аз дидани пойгоҳи фазоӣ "Восточний" мулоқот хоҳанд кард
Президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар пойгоҳи фазоии "Восточний" сӯҳбати сарироҳӣ анҷом доданд, хабар медиҳад РИА “Новости”.
Маросими дидор дар даромадгохи асосии корпуси монтаж ва озмоиши мушакҳо барпо гардид.
Гуфта мешавад, ки Путин ба ҷойи мулоқот чанд дақиқа пештар аз раҳбари Кореяи Шимолӣ омадааст.
Раҳбари Роскосмос Юрий Борисов ҳамроҳи президент мунтазири раҳбари Кореяи Шимолӣ буд. Ким Чен Ин ба ин вохӯрӣ бо мошини Майбах омад. Рӯзноманигорони Русия ва Кореяи Шимолӣ маросимро мушоҳида карданд.
Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ суханронӣ кард - видео
Баъди аз назар гузарондани пойгоҳи фазоӣ гуфтушуниди сарони давлатхо дар назар аст.
Раҳбари Кореяи Шимолӣ бо қатора ба истгоҳи роҳи оҳани космодром "Восточний" омад.
Ким Чен Ин бо даъвати Путин ба Русия сафар кард. Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, қаблан гуфта буд, ки дар музокироти Путин ва Ким Чен Ин, бо ҳайати ҳайатҳо ва ҳам рӯ ба рӯ баргузор мешавад.
Ҳам осону ҳам мушкил: Путин роҳи кам кардани ниёз ба муҳоҷирони кориро гуфт
ДАр мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла равобити тиҷориву иқтисодӣ ва мубодилаи маданн муҳокима карда мешавад.
Инчунин дар ин гуфтугӯҳо вазъияти минтака ва умуман масъалаҳои байналмилалӣ баррасӣ мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0