Ниёзу хатар: Путин гуфт, муҳоҷирон дар Русия зиёд нестанд ва фаҳмонд, ки чӣ хубиҳо доранд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкТуристы в Москве
Туристы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Иқтисодиёти Русия ба истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар бархе аз бахшҳо ниёз дорад ва бештари онҳо дар бахши сохтмон кор мекунанд, ки ҳиссашон беш аз 30% мебошад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия чандон зиёд набуда, ҳамагӣ баробар ба 3,7% аз маҷмӯи умумии коргарон дар иқтисодиёт мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток баён дошт.
Муҷрии чорабинӣ гуфт, тибқи пажуҳиши Мактаби олии иқтисодӣ барои дар сатҳи 146 млн нафар нигоҳ доштани аҳолии Русия ҳар сол давоми 80 сол бояд ба кишвар 390 ҳазор муҳоҷир ворид карда шаваду дар сурати раванди манфӣ бояд 1,1 млн нафар ворид гарданд.
Пассажир изучает информационное табло с расписанием авиарейсов в аэропорту Домодедово.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2023
Душанбе дар феҳрасти серталабгортарин парвозҳо аз фурудгоҳи Пулково
Ӯ бо зикри ин омор аз Путин суол кард, ки оё хатареро намебинад, чун дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ минтақаҳои алоҳидаи муҳоҷирон пайдо шудаанд, ки ҳатто пулис наметавонад ба он ҷо роҳ ёбад.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки албатта ин вазъро ба назар бояд гирифту набояд ба он роҳ дод.
Путин таъкид кард, ки дар масъалаи муҳоҷирон барои Русия осонтар аст, чун онҳо аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ворид мегарданду роҳбарони ин кишварҳо низ зарурати кор бо онҳо қабл аз сафарро дарк мекунанд.
Вай аз ҷумла зарурати омӯзиши забон, фарҳанг ва қонунгузории Русияро зикр намуда, илова кард, ки албатта набояд боиси нороҳатии шаҳрвандони бумӣ шаванд, чун манофеи онҳо дар мадҳи аввал мебошад.
Лентаи хабарҳо
0