Суғд барои мизбонии Қаҳрамонии ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузариш ба медиабонкБорьба на поясах, архивное фото
Борьба на поясах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Моҳи октябр дар маркази маъмурии вилояти Суғд баргузории мусобиқаи ҷаҳонии гуштии камарбандӣ байни писарони то 20-сола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Хуҷанд омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ идома дорад.
Дар остонаи чорабинии муҳим Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Дабири кулли Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ Ҳабир Ҳабибуллинро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат тарафҳо масъалаҳои ташкили мусобиқаро муҳокима карданд.
Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгирии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар тамоми шароит барои тамрини варзишгарони ҷавон фароҳам оварда шудааст.
Вай афзуд, дар вилоят куштии миллии камарбанд хеле маъмул буда, беш аз 800 варзишгар ба ин навъи варзиш машқ мекунанд ва беш аз 20 нафар устодони варзиш ба тамриндиҳӣ машғуланд.
Самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Ҷавонӣ рафту зӯри бозу не: Паҳлавони солхӯрдаи тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд
Ин намуди варзиш дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Деваштич, Масчоҳ, Кӯҳистони Масчоҳ, Бобоҷон-Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Шаҳристон мақоми хоса дорад.
Гуфта мешавад, ки дар 8 моҳи соли 2023 варзишгарони вилоят аз мусобиқоти ҷаҳонӣ 22 медал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 12-15 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ баргузор мешавад.
Дар ин ҷо писарони 18-20-сола аз 20 кишвари ҷаҳон рақобат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0