https://sputnik.tj/20230912/sheri-panjsher-shahr-dushanbe-video-1059348954.html
Ёде аз "Шери Панҷшер" дар шаҳри Душанбе - видео
Ёде аз "Шери Панҷшер" дар шаҳри Душанбе - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар 22-юмин солгарди шаҳодати қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар пойтахти Тоҷикистон чорабиние барои поси хотири ӯ баргузор гардид 12.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-12T19:20+0500
2023-09-12T19:20+0500
2023-09-12T19:20+0500
видео
аҳмадшоҳ масъуд
душанбе
маросим
ёдбуд
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0c/1059348690_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_5293d6bcadf5280f4a974b55026e35b9.jpg
Рӯзи 12 сентябр, дар солгарди шаҳодати қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳудуди сафорати ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон маросими ёдбуди ӯ анҷом шуд. Дар чорабинӣ генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, намояндагони Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, донишҷӯён ва муҳоҷирони афғон иштирок карданд.Ҳозирин бо гузоштани гулчанбарҳо ва аксҳои қаҳрамони Афғонистон аз корнамоиҳои ӯ ё карда, хотираашро пос доштанд. Дар чорабинӣ намояндагони расмии Тоҷикистон, аз ҷумла вакили парлумон, раиси Ҳизби демократии кишвар, Саидҷаъфар Усмонзода иштирок кард. Ёдбуди Масъуд дар Тоҷикистон ба ривояти аксҳоАҳмадшоҳи Масъуд бар асоси ҳолномааш дар Донишномаи озод 1 сентябри соли 1953 таваллуд шудааст ва агар умр вафо мекард, соли равон 70-сола мешуд. Вай 9 сентябри соли 2001 дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ маҷруҳ гардида, рӯзи дигар ба шаҳодат мерасад. Бо гузашти 22 сол аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз ҳам номи неки ӯ дар чорабинию маросимҳои мухталиф ба ёд оварда мешавад. Моҳи сентябри соли 2021 раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон, ӯро бо ордени "Исмоили Сомонӣ дараҷаи I" қадрдонӣ кард.
душанбе
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/0c/1059348690_227:0:1187:720_1920x0_80_0_0_628b54ee67512a8c3b319cdad45ada08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, аҳмадшоҳ масъуд, душанбе, маросим, ёдбуд, афғонистон, видео
видео, аҳмадшоҳ масъуд, душанбе, маросим, ёдбуд, афғонистон, видео
Ёде аз "Шери Панҷшер" дар шаҳри Душанбе - видео
Дар 22-юмин солгарди шаҳодати қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар пойтахти Тоҷикистон чорабиние барои поси хотири ӯ баргузор гардид
Рӯзи 12 сентябр, дар солгарди шаҳодати қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳудуди сафорати ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон маросими ёдбуди ӯ анҷом шуд.
Дар чорабинӣ генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, намояндагони Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, донишҷӯён ва муҳоҷирони афғон иштирок карданд.
Ҳозирин бо гузоштани гулчанбарҳо ва аксҳои қаҳрамони Афғонистон аз корнамоиҳои ӯ ё карда, хотираашро пос доштанд.
Дар чорабинӣ намояндагони расмии Тоҷикистон, аз ҷумла вакили парлумон, раиси Ҳизби демократии кишвар, Саидҷаъфар Усмонзода иштирок кард.
Аҳмадшоҳи Масъуд бар асоси ҳолномааш дар Донишномаи озод 1 сентябри соли 1953 таваллуд шудааст ва агар умр вафо мекард, соли равон 70-сола мешуд.
Вай 9 сентябри соли 2001 дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ маҷруҳ гардида, рӯзи дигар ба шаҳодат мерасад.
Бо гузашти 22 сол аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз ҳам номи неки ӯ дар чорабинию маросимҳои мухталиф ба ёд оварда мешавад.
Моҳи сентябри соли 2021 раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон, ӯро бо ордени "Исмоили Сомонӣ дараҷаи I" қадрдонӣ кард.