Путин: Ғарб низоми муносиботи молиявиро вайрон мекунад

© Sputnik / Фотохост-агентство РИА Новости / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия бо зикри тағйироти ҷорӣ дар низоми иқтисодӣ, молиявӣ ва тиҷорӣ таъкид намуд, ки чунин таҳаввулот дар оянда низ идома хоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ғарб низоми муносибатҳои молиявии ҷаҳонро, ки умдатан худаш сохта буд, вайрон мекунад, гуфт президенти Русия, Владимир Путин.
Ӯ зимни суханронияш дар форуми VIII иқтисодии Шарқ, изҳор дошт, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дучори таҳаввулот шудааст ва онҳо дар оянда низ идома хоҳанд дошт.
Раисҷумҳури Русия тағйирот дар низомро ба аъмоли кишварҳои ғарбӣ рабт дод.
"Мо хуб медонем ва мебинем, ки тайи солҳои охир иқтисоди ҷаҳонӣ чӣ гуна тағйир ёфтааст ва тағйир меёбад, аз ҷумла аз он сабаб, ки баъзе кишварҳо, пеш аз ҳама кишварҳои ғарбӣ бо дастони худ низоми муносибатҳои молӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодиро вайрон мекунанд", - гуфт ӯ.
Путин принимает участие в пленарном заседании Восточного экономического форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ суханронӣ кард - видео
Путин таъкид кард, ки низомеро, ки кишварҳои ғарбӣ вайрон мекунанд, аз бисёр ҷиҳатҳо худашон эҷоду бунёд карда буданд.
Президент қайд кард, ки хеле муҳим мебошад, ки дар ин замина майдони ҳамкории воқеии тиҷоратии байни давлатҳо васеъ карда шавад, ки танҳо пойбанди манофеи худ мебошанду ба фишорҳои беруна дода намешаванд.
Форуми VIII иқтисодии Шарқ 10-13 сентябри соли 2023 дар Владивосток дар кампуси Донишгоҳи федералии Шарқи Дур ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0