Масири ҳаракати бархе аз мусофирбарҳо дар Душанбе тағйир меёбад

© Sputnik Общественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Тағйирот дар хатсайри мусофирбарҳои хурду бузург дар Тоҷикистон ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои шаҳр роҳандозӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Хатти ҳаракати 5 мусофирбар дар шаҳри Душанбе аз нимаи моҳи сентябр тағйир хоҳад ёфт, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт.
Шаҳрдлории Душанбе бо нашри як иттилоия ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расондааст, ки шуруъ аз санаи 15 сентябр ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳоров маҳдуд мешавад.
Манбаъ таъкид гардидааст, маҳдудиятҳо дар ин масир ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шуда, интизор меравад, ки то 25 декабри соли 2023 идома меёбанд.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
Дар натиҷа мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбарии фаъол ин масир тағйирот ворид мешавад.
Дар феҳрасти чунин хатсайрҳо аз ҷумла масири ҳаракати автобусҳои рақами 6, 43 ва хатсайрҳои микроавтобусии рақамҳои 5, 11 ва 14 зикр шудаанд.
Таъкид шудааст, ки мусофирбарҳои мазкур барои як муддат аз тариқи кӯчаю хиёбонҳои Саъдӣ Шерозӣ, Неъмат Қарабоев ва Соҳилӣ роҳандозӣ мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Қаҳоров истифода баранд, таъкид намудаст шаҳрдорӣ.
Лентаи хабарҳо
0