Марзбонони ӯзбек вуруди 70 кг маводи мухаддир аз Тоҷикистонро пешгирӣ карданд - видео

Наркотики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Обуна шудан
Тибқи ҳуҷҷатҳо, гуфта мешуд, ки мошини боркаш холист, аммо ҳангоми тафтиш дар он маводи мухаддир пайдо шудааст. Ҳоло аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Марзбонони Ӯзбекистон вуруди бастаи бузурги маводи мухаддир аз Тоҷикистонро пешгирӣ кардаанд.
Ҳодиса дар гузаргоҳи марзии "Сариосиё"-и дар вилояти Сурхондарё рух додааст.
Ба гузориши Раёсати гумруки вилоят мошини боркаш тибқи ҳуҷҷатҳо "холӣ" дар байни кормандони назорати гумрукӣ шубҳа пайдо кард.
Гуфта мешавад, ки пас аз ташхиси рентгенӣ тасмим гирифта шуд, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти давлатӣ ташхиси амиқ гузаронида шавад.
"Ҳамин тариқ, дар кобинаи мошин 66 баста маводи мухаддир бо вазни умумии 69,2 кг бо эҳтиёт пинҳон карда шуда буд, ки ёфт гардид", - афзудааст манбаъ.
Ма иттилои мақомот, аз ин шумора 30 халта бо 31,9 кг ҳероин ва 36 халта 37,3 кг ҳашиш будааст.
Ҳоло аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати боздошту мусодираи бастаҳои бузурги маводи мухаддир дар марзи кишварҳо нест.
Моҳи августи соли ҷорӣ низ дар гузаргоҳи "Ойбек" дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон аз чунин ҳолат пешгирӣ шуд.
Он замон низ марзбонон аз дохили зарфи газ 52,8 кило ҳашиш ва бештар аз 3 кило ҳероинро дарёфту омилонашро боздошт карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0