https://sputnik.tj/20230911/zamon-bozii-istiqlol-duhayl-1059328642.html
Замони бозии "Истиқлол" бо "Ал-Дуҳайл" маълум шуд
Замони бозии "Истиқлол" бо "Ал-Дуҳайл" маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе зӯрозмоии навбатии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар майдони худ оғоз мекунад
2023-09-11T17:56+0500
2023-09-11T17:56+0500
2023-09-11T17:56+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
варзишгар
тими "истиқлол"
қатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/13/1055041223_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_7d75f47f826417af8ab8270536340fee.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Футболбозони тими "Истиқлол"-и Душанбе рӯзи 19 сентябр бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар зӯрозмоӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин зӯрозмоӣ дар доираи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - 2023/24 сурат мегирад. Манбаъ афзуд, ки бозӣ бо "Ал-Дуҳайл" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 сурат мегирад. Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия барои мавсими 2023-2024 доир шуд, тими футболи “Истиқлол” дар гурӯҳи "Е" бозӣ мекунад.Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.Тавре маълум аст, футболбози афсонавии Португалия Криштиану Роналду феълан дар бошгоҳи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад ва мухлисони футболи тоҷик интизор доранд, ки ӯро дар Душанбе мебинанд. Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
https://sputnik.tj/20230911/pahlavoni-solkhurdai-tojik-qahramoni-jahon-1059314980.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/13/1055041223_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_f649e91724e149515dd57da8a2d3891f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозӣ, нахустин, лига, қаҳрамонҳо, душанбе
бозӣ, нахустин, лига, қаҳрамонҳо, душанбе
Замони бозии "Истиқлол" бо "Ал-Дуҳайл" маълум шуд
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе зӯрозмоии навбатии худро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар майдони худ оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Футболбозони тими "Истиқлол"-и Душанбе рӯзи 19 сентябр бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар зӯрозмоӣ мекунад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин зӯрозмоӣ дар доираи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - 2023/24 сурат мегирад.
Манбаъ афзуд, ки бозӣ бо "Ал-Дуҳайл" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия барои мавсими 2023-2024 доир шуд, тими футболи “Истиқлол” дар гурӯҳи "Е" бозӣ мекунад.
Футболбозони бошгоҳи душанбегӣ бо намояндагони Эрон (тими "Персполис"), "Ал-Дуҳайл"-и Қатар ва дастаи "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ менамоянд.
Тавре маълум аст, футболбози афсонавии Португалия Криштиану Роналду феълан дар бошгоҳи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад ва мухлисони футболи тоҷик интизор доранд, ки ӯро дар Душанбе мебинанд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.