https://sputnik.tj/20230911/tafsilot-barnoma-dushanbe-invest-1059323046.html
Бархе тафсилоти барномаи "Душанбе - инвест 2023" маълум шуд
Бархе тафсилоти барномаи "Душанбе - инвест 2023" маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳо иштирок менамоянд
2023-09-11T14:29+0500
2023-09-11T14:29+0500
2023-09-11T14:29+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоя
душанбе
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 сентябр мизбони Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" мешавад. Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳамоиши мазкур дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони давлатҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ низ иштирок мекунанд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шарҳи барномаи форум гуфт, он аз Кохи Истиқлол оғоз гардида, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Дар феҳрасти мавзуъҳои баррасишаванд -"Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе", "Саноат- омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ", "Тоҷикистон - мамлакати энергияи "сабз", иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика" зикр шудаанд. Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, рушди иқтисодиёти "сабз", рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, рушди нақлиёту логистика аз мавзуъҳои дигари ҳамоиш гуфта шуданд. Иштирокдорони ҳамоиш дар рӯзи дуюм аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода боздид хоҳанд кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳадафи форум муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230911/nerugohoi-arzish-somoni-vmkb-idoma-1059311847.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
форум, сармоягузорӣ, баррасӣ, душанбе
форум, сармоягузорӣ, баррасӣ, душанбе
Бархе тафсилоти барномаи "Душанбе - инвест 2023" маълум шуд
Дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумита ва дигар сохторҳо иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 сентябр мизбони Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-инвест 2023" мешавад.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳамоиши мазкур дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони давлатҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ низ иштирок мекунанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шарҳи барномаи форум гуфт, он аз Кохи Истиқлол оғоз гардида, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад.
Дар феҳрасти мавзуъҳои баррасишаванд -"Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе", "Саноат- омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ", "Тоҷикистон - мамлакати энергияи "сабз", иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика" зикр шудаанд.
Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, рушди иқтисодиёти "сабз", рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, рушди нақлиёту логистика аз мавзуъҳои дигари ҳамоиш гуфта шуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар рӯзи дуюм аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода боздид хоҳанд кард.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳадафи форум муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мебошад.