https://sputnik.tj/20230911/prezident-zabondon-tahsil-peshrafta-1059329944.html
Одиназода: беш аз 90%-и таҳсилдидаҳо дар хориҷ ба Тоҷикистон баргаштаанд
Одиназода: беш аз 90%-и таҳсилдидаҳо дар хориҷ ба Тоҷикистон баргаштаанд
Sputnik Тоҷикистон
Мудири муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" гуфт, довталабони забондонро барои таҳсил ба кишварҳои пешрафта мефиристанд
2023-09-11T19:03+0500
2023-09-11T19:03+0500
2023-09-11T19:03+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
таълими ихтисоси нав
забон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_0:103:3073:1831_1920x0_80_0_0_26c01046f003c22f0956f4f319c5ed93.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 2 ҳазор донишҷӯй тавассути "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"-и Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар давлатҳои пешрафта таҳсил кардаанд. Дар ин бора мудири "Маркази барномаҳои байналмилалӣ", доктори илми ҳуқуқшиносӣ Рамазон Одиназода ба нашрияи "Ҷумҳурият" иттилоъ додаст. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 90%-и онҳо то ба ҳол ба Ватан баргашта, бо ҷойи кори мувофиқ таъмин гаштаанду дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳим саҳм доранд.Одиназода афзуд, ки фисади муайяни ин донишҷӯён бо сабабҳои муайян, аз ҷумла идома надодани таҳсил ва ё хориҷ шудан, ба ҷойи кор барнагаштаанд. "Комиссияи ҷумҳуриявӣ донишандӯзонеро барои таҳсил ба хориҷи кишвар тавсия медиҳад, ки тавре зикр шуд, лаёқатноканд, 4-5 забони хориҷиро медонанд", - гуфт ӯ.Вай афзуд, хароҷоти таҳсил аз ҳисоби Фонди махсуси президенти Тоҷикистон пардохт мегардад. Аз талаботи дигар он будааст, ки довталабону донишҷӯён бояд ихтисосеро биомӯзанду фаро бигиранд, ки кишвар ба он ниёзманд аст.
https://sputnik.tj/20230801/kvota-tahsil-tojikiston-rusiya-judo-1058582899.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_accd50635d774c214d8762fd50163458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳсил, хориҷа, тоҷикистон, марказ, барномаҳо, байналмилалӣ
таҳсил, хориҷа, тоҷикистон, марказ, барномаҳо, байналмилалӣ
Одиназода: беш аз 90%-и таҳсилдидаҳо дар хориҷ ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мудири муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" гуфт, довталабони забондонро барои таҳсил ба кишварҳои пешрафта мефиристанд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 2 ҳазор донишҷӯй тавассути "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"-и Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар давлатҳои пешрафта таҳсил кардаанд.
Дар ин бора мудири "Маркази барномаҳои байналмилалӣ", доктори илми ҳуқуқшиносӣ Рамазон Одиназода ба нашрияи "Ҷумҳурият" иттилоъ додаст.
Ба гуфтаи ӯ, беш аз 90%-и онҳо то ба ҳол ба Ватан баргашта, бо ҷойи кори мувофиқ таъмин гаштаанду дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳим саҳм доранд.
Одиназода афзуд, ки фисади муайяни ин донишҷӯён бо сабабҳои муайян, аз ҷумла идома надодани таҳсил ва ё хориҷ шудан, ба ҷойи кор барнагаштаанд.
"Комиссияи ҷумҳуриявӣ донишандӯзонеро барои таҳсил ба хориҷи кишвар тавсия медиҳад, ки тавре зикр шуд, лаёқатноканд, 4-5 забони хориҷиро медонанд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, хароҷоти таҳсил аз ҳисоби Фонди махсуси президенти Тоҷикистон пардохт мегардад.
Аз талаботи дигар он будааст, ки довталабону донишҷӯён бояд ихтисосеро биомӯзанду фаро бигиранд, ки кишвар ба он ниёзманд аст.