https://sputnik.tj/20230911/peshnihod-medvedev-qati-ravobit-diplomati-avrupo-1059318774.html
Пешниҳоди Медведев дар бораи қатъи равобити дипломатӣ бо Иттиҳодияи Аврупо
Пешниҳоди Медведев дар бораи қатъи равобити дипломатӣ бо Иттиҳодияи Аврупо
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран пешниҳод карлд, ки муваққатан равобити дипломатии Русия бо Иттиҳзодияи Аврупо қатъ карда шавад
2023-09-11T13:59+0500
2023-09-11T13:59+0500
2023-09-11T15:49+0500
дмитрий медведев
русия
дар русия
иттиҳодияи аврупо
қатъ
равобит
равобити дипломатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056321618_0:0:2732:1537_1920x0_80_0_0_eea1f5934492104afabf1b67e4ab8008.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беҳтар аст, ки муваққатан равобити дипломатиро бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ намоем ва дипломатҳоро ба Русия баргардонем, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти ин кишвар, гуфт дар telegram-канали худ."Беҳтар мебуд, танҳо як муддат равобити дипломатиро бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ кунем. Ва кормандони дипломатиро ба кишвар баргардонем. Он гоҳ аблаҳон беҳуда дар Брюссел дастаҷамъона бигзор сахт битарсанд. Зеро сафоратхонаҳо пеш аз рӯйдодҳои хеле мушаххас тахлия мешаванд”, - навиштааст Медведев.Ба ақидаи ӯ, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо “бевосита ва бидуни ҳеҷ баҳона ба ҳамаи русҳо гуфтаанд: шумо барои мо шаҳрвандони дараҷаи дуюм ҳастед”.Оқои Мдеведев илова кард, ки ин тасмим бешубҳа муҷозоти "режими таҷовузкоронаи Кремл" нест. Ин як беҳурматӣ барои ҳар як шаҳрванди Русия аст.“Дар ин бора мо бояд чӣ кор кунем? Бешубҳа барои шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ маҳдудиятҳои ҷавобӣ ҷорӣ накунем. Мо нажодпараст нестем, бар хилофи бисёре аз раҳбарони он кишварҳое, ки хешовандонашон дар СС хидмат кардаанд. Онҳое, ки ба мо меоянд, маъмулан Русияро дӯст медоранд ва қадр мекунанд”, - гуфт муовини раиси Шӯрои Амният.Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтаи гузашта Комиссияи Аврупо тавзеҳ дод, ки дар чаҳорчӯби таҳримҳои ҷорӣ ворид шудан ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо мошинҳои дар Русия сабтиномшуда ва интиқоли баъзе ашёи шахсӣ, ба мисли смартфонҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20230905/manfiatho-demokratiya-bolotar-avrupo-tijorat-rusiya-1059229697.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056321618_1:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_e4ab627368452778eb92bcdb7a081521.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия , иттиҳодияи арупо, қатъ, равобит, дипломатӣ, сиёсат, медведев
русия , иттиҳодияи арупо, қатъ, равобит, дипломатӣ, сиёсат, медведев
Пешниҳоди Медведев дар бораи қатъи равобити дипломатӣ бо Иттиҳодияи Аврупо
13:59 11.09.2023 (Навсозишуда: 15:49 11.09.2023) Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран пешниҳод карлд, ки муваққатан равобити дипломатии Русия бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ карда шавад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беҳтар аст, ки муваққатан равобити дипломатиро бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ намоем ва дипломатҳоро ба Русия баргардонем, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти ин кишвар, гуфт дар telegram-канали худ.
"Беҳтар мебуд, танҳо як муддат равобити дипломатиро бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ кунем. Ва кормандони дипломатиро ба кишвар баргардонем. Он гоҳ аблаҳон беҳуда дар Брюссел дастаҷамъона бигзор сахт битарсанд. Зеро сафоратхонаҳо пеш аз рӯйдодҳои хеле мушаххас тахлия мешаванд”, - навиштааст Медведев.
Ба ақидаи ӯ, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо “бевосита ва бидуни ҳеҷ баҳона ба ҳамаи русҳо гуфтаанд: шумо барои мо шаҳрвандони дараҷаи дуюм ҳастед”.
Оқои Мдеведев илова кард, ки ин тасмим бешубҳа муҷозоти "режими таҷовузкоронаи Кремл" нест. Ин як беҳурматӣ барои ҳар як шаҳрванди Русия аст.
“Дар ин бора мо бояд чӣ кор кунем? Бешубҳа барои шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ маҳдудиятҳои ҷавобӣ ҷорӣ накунем. Мо нажодпараст нестем, бар хилофи бисёре аз раҳбарони он кишварҳое, ки хешовандонашон дар СС хидмат кардаанд. Онҳое, ки ба мо меоянд, маъмулан Русияро дӯст медоранд ва қадр мекунанд”, - гуфт муовини раиси Шӯрои Амният.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтаи гузашта Комиссияи Аврупо тавзеҳ дод, ки дар чаҳорчӯби таҳримҳои ҷорӣ ворид шудан ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо мошинҳои дар Русия сабтиномшуда ва интиқоли баъзе ашёи шахсӣ, ба мисли смартфонҳо мамнӯъ аст.