https://sputnik.tj/20230911/marshal-dustum-tolibon-taslim-nobud-1059317040.html
Маршал Дӯстум: Гурӯҳи толибон* ё таслим мешаванд ё нобуд
Маршал Дӯстум: Гурӯҳи толибон* ё таслим мешаванд ё нобуд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ҳизби ҷумбиши миллӣ Афғонистон ахиран гуфт, рӯзе мерасад ки мардум гуруҳи толибонро бо санг ва чӯб аз сари қудрат меронанд
2023-09-11T12:59+0500
2023-09-11T12:59+0500
2023-09-11T12:59+0500
афғонистон
абдурашид дӯстум
толибон
таслим
нобуд
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055198608_0:52:1350:811_1920x0_80_0_0_f1ac43c498cfee8a9a3ffb0990195507.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раҳбари ҳизби ҷумбиши миллии Афғонистон маршал Абдурашиди Дӯстум ахиран дар як ҳамоише бахшида ба 22-умин солрӯзи террори Аҳмадишоҳи Масъуд гуфт, ки аз барномаҳои ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад.“Рӯзе мерасад, ки мардум толибонро* бо санг ва чӯб меронанд, ин гурӯҳ маҷбуранд ё таслим шаванд ва ё нобӯд мешаванд”, - гуфт Дӯстум.Раҳбари ҳизби ҷумбиш миллӣ гуфт, ки онҳо бекор нанишастаанд, қотеъ ба пеш меравем ва ба атрофиҳои худ гуфтам қавӣ кор кунанд.Ёдоварӣ мекунем, ки 9 сентябри 2001 ду муҳоҷими Марокашӣ дар пушиши хабарнигори даст ба террори Аҳмадшоҳ Масъуд заданд ва 2 рӯз пас аз ҷон бохтанаш ҳодисаи 11 сентябри 2001 рух дод.Қаблан Абдурашиди Дустам дар саҳифаи твиттерии худ навишгта буд, ки Амрико бояд тавзеҳ бидиҳад ки натиҷаи ду соли ҳимояти молӣ ва таъомул бо тероризми толибон дақиқан чаҳ бӯдааст.Маршали Афғонистон дар ин баёнияаш, аҳдофи дидору гуфтугӯҳои намояндаи Амрико ва толибҳоро ба маънои ба расмият шинохтан онҳо донистааст.Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ҳаргуна нишастиро барои Афғонистон дар суратии муфид донистааст, ки ҳамаи ҷанибҳо ва ҷараёнҳои дохил дар Афғонистон дар гуфтугӯҳо дар назар гирифта шаванд ва шарик бошанд.Бояд қайд кард, ки баъд аз ворид шудани гурӯҳи толибҳо* ба шаҳри Кобул дар авохири моҳи августи соли 2021 Маршал Абдурашид Дӯстум ва чандин чеҳраҳои дигари сиёсӣ Афғонистонро тарк карданд ва ҳоло дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд.Толибон * - ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал қарор дорад
https://sputnik.tj/20211023/sayyof-nur-muhaqqiq-dustum-ittihod--zidditoliboni-1043050494.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055198608_80:0:1280:900_1920x0_80_0_0_c322934d2cf4731a68a0af0828465bb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи мраказӣ, толибон, таслим, нобуд, маршал, дӯстум
афғонистон, осиёи мраказӣ, толибон, таслим, нобуд, маршал, дӯстум
Маршал Дӯстум: Гурӯҳи толибон* ё таслим мешаванд ё нобуд
Раҳбари ҳизби ҷумбиши миллӣ Афғонистон ахиран гуфт, рӯзе мерасад ки мардум гуруҳи толибонро* бо санг ва чӯб аз сари қудрат меронанд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раҳбари ҳизби ҷумбиши миллии Афғонистон маршал Абдурашиди Дӯстум ахиран дар як ҳамоише бахшида ба 22-умин солрӯзи террори Аҳмадишоҳи Масъуд гуфт, ки аз барномаҳои ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад.
“Рӯзе мерасад, ки мардум толибонро* бо санг ва чӯб меронанд, ин гурӯҳ маҷбуранд ё таслим шаванд ва ё нобӯд мешаванд”, - гуфт Дӯстум.
Раҳбари ҳизби ҷумбиш миллӣ гуфт, ки онҳо бекор нанишастаанд, қотеъ ба пеш меравем ва ба атрофиҳои худ гуфтам қавӣ кор кунанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки 9 сентябри 2001 ду муҳоҷими Марокашӣ дар пушиши хабарнигори даст ба террори Аҳмадшоҳ Масъуд заданд ва 2 рӯз пас аз ҷон бохтанаш ҳодисаи 11 сентябри 2001 рух дод.
Қаблан Абдурашиди Дустам дар саҳифаи твиттерии худ навишгта буд, ки Амрико бояд тавзеҳ бидиҳад ки натиҷаи ду соли ҳимояти молӣ ва таъомул бо тероризми толибон дақиқан чаҳ бӯдааст.
Маршали Афғонистон дар ин баёнияаш, аҳдофи дидору гуфтугӯҳои намояндаи Амрико ва толибҳоро ба маънои ба расмият шинохтан онҳо донистааст.
Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ҳаргуна нишастиро барои Афғонистон дар суратии муфид донистааст, ки ҳамаи ҷанибҳо ва ҷараёнҳои дохил дар Афғонистон дар гуфтугӯҳо дар назар гирифта шаванд ва шарик бошанд.
Бояд қайд кард, ки баъд аз ворид шудани гурӯҳи толибҳо* ба шаҳри Кобул дар авохири моҳи августи соли 2021 Маршал Абдурашид Дӯстум ва чандин чеҳраҳои дигари сиёсӣ Афғонистонро тарк карданд ва ҳоло дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд.
Толибон * - ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал қарор дорад