Филиппин метавонад ёддошти тафоҳум бо ИИАО бандад

© Sputnik / Михаил Метцель / POOL / Гузариш ба медиабонк Флаги стран-участниц ЕАЭС
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Обуна шудан
Дипломати Филиппин дар ҳошияи Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток ҳавасмандии кишварашро ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эълон кард
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Филиппин имкони имзои санади ҳусни тафоҳум бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро баррасӣ мекунад.
Чунин нияти кишварро сафири Филиппин дар Русия Игор Байлен зимни суханронӣ дар муколамаи тиҷоратии Русия ва кишварҳои узви Ассотсиатсияи Осиёи ҷанубию шарқӣ - АСЕАН баён дошт.
Ҳамкории Русия бо кишварҳои узви АСЕАН дар чаҳорчӯби Форуми VIII иқтисодии шарқӣ (ФИШ-2023), ки дар шаҳри Владивосток ҷараён дорад, баррасӣ шуд. Ин ҳамоиш 10 сентябр оғоз шуда, то 13 сентябр давом хоҳад кард.
Символика Евразийской экономической комиссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Дипломат ёдовар шуд, ки Мянмор дар чаҳорчӯби ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург як созишномаи мушобеҳро имзо кардааст.
Байлен таваҷҷӯҳи Филиппинро ба ин ташаббус изҳор дошта, афзуд, дар назар дорад, ки ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ дар АСЕАН ба он ҳамроҳ шавад.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ дар пайи нишасти G20 дар Деҳлии Нав, истисно накард, ки дар оянда Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонад ба кори Бистгонаи бузург бипайвандад.
Лентаи хабарҳо
0