Боз тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон бармегардад

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2023
Обуна шудан
Аз 11 то 13 сентябр бинобар шиддати зиёди шамол аз ҷанубу ғарб (дар баъзе ҷойҳо то 18-23 м/с) дар ҷануби кишвар тӯфони чангу ғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, назар ба рӯзҳои қаблӣ ҳарорат паст мешавад.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ноҳияҳо шиддати шамол то 15-20 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона аз 0+5 гарм то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар водиҳои вилоят ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Собака купается в фонтане в центре Франкфурта, Германия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Гармо дар Аврупо аз сабаби "инфиҷори ҳарорат" дар Сахара метавонад то 50 дараҷа расад
Дар Хатлон низ боришот пешгӯӣ намешавад, аммо шамол бо шиддати бештар, аз самти шарқ бо гузариш ба самтри ҷанубу ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳам ҳавои бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт низ ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 29+33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0