Тавлидоти саноатии Данғара ба 1,5 млрд сомонӣ наздик расидааст

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонИфтитоҳи майдони Парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара бо ҳузури президент, Эмомалӣ Раҳмон
Ифтитоҳи майдони Парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара бо ҳузури президент, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2023
Обуна шудан
Бо сарозер шудани сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ дар солҳои охир ноҳияи Данғара ба яке аз минтақаҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи Хатлон мубаддал шудааст
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Данғара тайи 7 моҳи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 70 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ дода, афзуданд, ки шумораи корхонаю коргоҳҳои саноатӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодаанд.
Манбаъ афзуд, ки дар дар 7 моҳи соли 2023 дар ноҳияи Данғара ба маблағи умумии қариб 1,5 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидаст.
Символика Евразийской экономической комиссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Рушди саноат дар Иттиҳоди АвруОсиё: Кӣ бештар пеш рафт?
Маврид ба зикр аст, ки бо сарозер шудани сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ дар солҳои охир ноҳияи Данғара ба яке аз минтақаҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи Хатлон мубаддал шудааст
Мақомот мегӯянд, ташкили корхонаҳои нав дар ноҳия дар доираи Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ки то соли 2025 амалӣ мешавад, бунёд хоҳанд гардид.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки ба истифода додани 28 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Данғара асосан корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷӣ рушд ёфта истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0