https://sputnik.tj/20230910/hamdardii-emomali-rahmon-podshoh-1059305642.html
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Марокаш
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Марокаш
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён аз заминларза дар Марокаш таъзия баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон дар ин офати табиӣ шифои комил хостааст
2023-09-10T10:55+0500
2023-09-10T10:55+0500
2023-09-10T11:03+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
офат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057738042_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_09a261105a815a83221fe14b966d667e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи шоҳигарии Марокаш, Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи тасаллӣ ирсол намудаст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз заминҷунбии пурқурбонӣ дар Марокаш изҳори андуҳ кардааст. "Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари зилзилаи шадид дар кишвари дӯсти Марокаш боиси андӯҳи амиқи мо гардид", - гуфтаст Раҳмон. Вай ба хонаводаҳои қурбониён аз заминларза дар Марокаш ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон дар ин офати табиӣ шифои комил хостааст. "Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Марокаш изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам",-изҳор доштаст раисҷумҳур. Маврид ба зикр аст, ки шоми 8 сентябр Марокашро заминларзаи шадид такон дод, ки ба иттилои Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин иқтидори он дар марказ наздики 6,9 дараҷа будаст. Теъдоди қурбониёни офати табиӣ, тибқи маълумоти ахир, аз 1,3 ҳазор нафар гузашт, беш аз 1,8 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Подшоҳи Марокаш ба хотири қурбониёни заминларза дар кишвар мотами серӯза эълон кард.
https://sputnik.tj/20230904/vmkb-takon-khurd-zaminlarza-1059205260.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057738042_47:0:1182:851_1920x0_80_0_0_9ebe60dec6fb819ff4bb2ac2fb189653.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
андуҳ, эмомалӣ раҳмон, заминларза, пурқурбонӣ
андуҳ, эмомалӣ раҳмон, заминларза, пурқурбонӣ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Марокаш
10:55 10.09.2023 (Навсозишуда: 11:03 10.09.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён аз заминларза дар Марокаш таъзия баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон дар ин офати табиӣ шифои комил хостааст
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи шоҳигарии Марокаш, Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи тасаллӣ ирсол намудаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз заминҷунбии пурқурбонӣ дар Марокаш изҳори андуҳ кардааст.
"Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари зилзилаи шадид дар кишвари дӯсти Марокаш боиси андӯҳи амиқи мо гардид", - гуфтаст Раҳмон.
Вай ба хонаводаҳои қурбониён аз заминларза дар Марокаш ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон дар ин офати табиӣ шифои комил хостааст.
"Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Марокаш изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам",-изҳор доштаст раисҷумҳур.
Маврид ба зикр аст, ки шоми 8 сентябр Марокашро заминларзаи шадид такон дод, ки ба иттилои Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин иқтидори он дар марказ наздики 6,9 дараҷа будаст.
Теъдоди қурбониёни офати табиӣ, тибқи маълумоти ахир, аз 1,3 ҳазор нафар гузашт, беш аз 1,8 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Подшоҳи Марокаш ба хотири қурбониёни заминларза дар кишвар мотами серӯза эълон кард.