https://sputnik.tj/20230909/vaziri-khorijai-eron-tojik-ruzi-istiqloliyat-tabrik-1059296889.html
Вазири хориҷаи Эрон ҳамтои тоҷикашро ба Рӯзи Истиқлолият табрик кард
Вазири хориҷаи Эрон ҳамтои тоҷикашро ба Рӯзи Истиқлолият табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои Эрон ахиран аз ирсоли паёми табрикии вазири умури хориҷаи Эрон ба вазири умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳанд
2023-09-09T11:21+0500
2023-09-09T11:21+0500
2023-09-09T11:21+0500
дар тоҷикистон
эрон
сироҷиддин муҳриддин
ҳусайн амирабдуллоҳиён
паём
табрик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057009359_0:0:600:337_1920x0_80_0_0_6d6ce7ae92e99f54280e48d9f23f0149.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме ба Сироҷиддин Муҳриддин, солрӯзи истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт.Дар паёми табрикии Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, зимни табрики 32-умин солрӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба давлату миллати ҳамзабон ва ҳамфарҳанги ин кишвар, изҳори умедворӣ шудааст, ки ҳамкорӣ ва таомулоти ҳамаҷонибаи ҷорӣ байни ду кишвари дӯсту бародар беш аз пеш тавсеа ёбад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раисҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёмаш мардум ва раҳбари Тоҷикистонро бо солрӯзи истиқлоли давлатӣ табрик намудааст.Раисҷумҳури Эрон дар паёмаш қайд кардааст, ки иштирокоти фарҳангӣ, таърихиву забонӣ, алоиқи муштараку табодули ҳайатҳои олирутба нақши қобили таваҷҷуҳе дар густаришу идомаи таомулоти фимобайн доштааст.Раисҷумҳури Эрон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда дар партави талоши муштарак беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар, дар ростои манофеи мутақобил ва тавсеаву амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ бошем.
https://sputnik.tj/20230909/raisi-mardum-tojikiston-ruzi-istiqlol-tabrik-1059296589.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057009359_72:0:521:337_1920x0_80_0_0_76495e971b63bf2870ad76f3a12df555.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, тоҷикистон, сироҷиддин муҳриддин, ҳамто, тоҷик, истиқлолият, табрик, паём
эрон, тоҷикистон, сироҷиддин муҳриддин, ҳамто, тоҷик, истиқлолият, табрик, паём
Вазири хориҷаи Эрон ҳамтои тоҷикашро ба Рӯзи Истиқлолият табрик кард
Расонаҳои Эрон ахиран аз ирсоли паёми табрикии вазири умури хориҷаи Эрон ба вазири умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме ба Сироҷиддин Муҳриддин, солрӯзи истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт.
Дар паёми табрикии Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, зимни табрики 32-умин солрӯзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба давлату миллати ҳамзабон ва ҳамфарҳанги ин кишвар, изҳори умедворӣ шудааст, ки ҳамкорӣ ва таомулоти ҳамаҷонибаи ҷорӣ байни ду кишвари дӯсту бародар беш аз пеш тавсеа ёбад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раисҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёмаш мардум ва раҳбари Тоҷикистонро бо солрӯзи истиқлоли давлатӣ табрик намудааст.
Раисҷумҳури Эрон дар паёмаш қайд кардааст, ки иштирокоти фарҳангӣ, таърихиву забонӣ, алоиқи муштараку табодули ҳайатҳои олирутба нақши қобили таваҷҷуҳе дар густаришу идомаи таомулоти фимобайн доштааст.
Раисҷумҳури Эрон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда дар партави талоши муштарак беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар, дар ростои манофеи мутақобил ва тавсеаву амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ бошем.